Минтақа ва ҷаҳонФарҳангЧеҳраҳо

Муборак бод! Шарифҷони Учқӯрғонӣ ба синни мубораки 90 қадам гузошт!

Шарифҷони Учқӯрғонӣ, шоири маъруфи тоҷики муқими Қирғизистон рӯзи 16 декабр ба синни 89 расид ва пой ба синни мубораки 90 гузошт! Равшанбек Собиров, раиси Анҷумани тоҷикони Қирғизистон Шарифҷони Учқӯрғониро дар зодрӯзаш ҳамчун “пири хирад” ва “бонии забону фарҳанг” тавсиф ва аз номи 60 ҳазор тоҷики сокини Қирғизистон табрик гуфтааст.

Шарифҷони Учқӯрғонӣ 16-уми декабри соли 1931 дар деҳаи тоҷикнишини Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷои вилояти Бодканд дида ба олам кушодааст. Аз соли 1997 то имрӯз ҳафт маҷмӯаи ашъори ӯ, аз ҷумла “Панди падар”, “Таҷрибаи рӯзгор”, “Замони ман”, “Ашъори вопасин” ба чоп расидаанд. Шарифҷони Учқӯрғонӣ узви Иттиҳодияи нависандагони Қирғизистон ва Тоҷикистон ва аълочии маорифи Қирғизистон мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2003 ӯро бо медали “Барои хизмати шоиста” қадрдонӣ карда, соли 2007 Шарифҷони Учқӯрғонӣ сазовори медали тиллои Фонди хайрияи ба номи А. Фирдавсӣ шудааст.

Як фарзанди ӯ Миродил Абдураззоқов – дипломати шинохтаи Ҷумҳурии Узбекистон буда, солҳои зиёд ба унвони консули Сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон ва шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон масъулият доштааст. Мавлонҷон Абдураззоқов – фарзанди дигараш тоҷири муваффақ ва ҳомиву пуштибони мактабу маорифи тоҷик дар Қирғизистон ва сармоягузори ҳамаи китобҳои падараш аст. Музаффар Абдураззоқов, писари сеюми шоир муҳандис аст ва духтараш омӯзгори мактабҳои тоҷикии Учқурғон мебошанд.

Соли оянда ба ифтихори 90-солагии ин пири хирад, қарор аст, дар зодгоҳаш – Учқӯрғон – чанд барномаи адабӣ ва ҷашнӣ доир гардад.

Кодиршои Мурувват

ХОМААТОН ПУРБОР БОД ПИРИ ХИРАД ВА БОНИИ ЗАБОНУ ФАРҲАНГ

Дар ин рӯзи муборак ва пурфайз , бо камоли эҳтиром ва хушҳолӣ, Зодрӯзи устод Шарифҷони Учқӯрғониро ба соҳибҷашн, хурду калони Учқӯрғон ва ҳамаи тоҷикони кишвари зебои Қирғизистон табрик ва таҳният мегӯям.

Дар урфият мегӯянд,ки як нафар дар майдони набард ба чизе қодир нест.Аммо ба кору пайкори Шумо , Пири хирад нигариста ва ба ин бовар мекунем,ки як нафар низ, дар сурати нишон додани малака ва маҳорат ва муҳимтар аз ҳама , намоиш додани талошу пайкор, амалҳои шоиста ва мондагорро аз худ боқӣ мегузорад.

Шумо тамоми умри бобаракати худро барои рушду равнақи забону маданияти халқамон, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва бародарии сокинони Қирғизистон сафр намудед ва китобҳои навиштаи Шумо, таърихномаҳои иншокардаатон, чун чароғи роҳнамо барои насли имрӯза ва оянда хизмат хоҳад кард.

89 солагии Шумо, устоди гиромиро самимона бори дигар табрик гуфта ва умед аз Худо дорам,ки дар солҳои баъд низ Шуморо бо ҷашнҳои наватон ва китобҳои наватон муборакбод хоҳам гуфт.

Саломату сарбаланд ва муваффақ бошед , Устод Шарифҷони Учқӯрғонӣ!

Бо эҳтироми хос:

Равшанбек Собиров,

Муовини сарвазири Қирғизистон

ш.Бишкек , 16 декабри с.2020

Begizhan Ahmedov

 

ПОЗДРАВЛЕНИЕ ШАРИФЖОНУ УЧКОРГОНИ

Сегодня утром позвонил в с.Уч-Коргон и в начале продолжительной беседы поздравил с днем рождения – 89- летием уважаемого писателя, удивительного аксакала, почетного гражданина Уч Коргонского аылного округа, члена союзов писателей Таджикистана и Кыргызстана Абдуразакова Шарифжон ака, известного по литературному псевдониму Шарифжон Учкоргони. Уникальность творчества Шарифжон аки состоит в том, что он пишет стихи и прозу на родном таджикском, кыргызском и узбекском языках. Его перу принадлежат 8 книг, изданных в Таджикистане, Кыргызстане и Афганистане. Всё творчество Ш.Учкоргони посвящено культивированию у читателей патриотизма, миролюбия, милосердия и дружбы народов. Сейчас он трудится над новыми книгами «Ибрат» («Пример», сказание мудрецов), «Девони Шарифжони Учкургони» (на таджикском и узбекских языках), «Мозийдан ривоятлар» -«Сказания о прошлом» об истории народов Ферганской долины. Отличник народного образования Киргизской ССР Шарифжон Абдуразаков Указом президента Республики Таджикистан в 2003 году награжден медалью «Хизмати шоиста» -«За доблестный труд». В прошлом году НСП КР наградил его медалью “За заслуги в литературе”. Несмотря на почтенный возраст, он продолжает активно читать книги, анализировать и писать рецензии новым книгам в т.ч. и нашим, за что мы безмерно благодарны его вниманию и советам.

От имени его друзей, членов Правления Национального союза писателей Кыргызстана сердечно поздравляем Шарифжон ака Учкоргони с днем рождения! Желаем ему крепкого здоровья, долгих-долгих лет жизни и творческого вдохновения!

Кодиршои Мурувват

ШАРИФҶОНИ УЧҚӮРҒОНӢ ЗОДРӮЗ ДОРАНД…

Яке аз маъруфтарин тоҷикон дар Қирғизистон, шоири соҳибкитобу соҳибдевон ва инсоне, ки вуҷудаш барои сокинони маҳаллоти тоҷикнишин ифтихор аст. Ӯ Шарифҷон Абдураззоқов мебошад, ки бо номи Шарифҷони Учқурғонӣ маъруф шудааст.

16-уми декабри соли 1931 дар деҳаи пурсафои Учқӯрғон, ноҳияи Қадамҷои вилояти Бодкан дида ба олам кушодааст. Аввал омӯзгор будааст ва аз соли 1958 то соли 1962 дар вазифаи муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Барақи мусобиқа”, ки бо ташаббуси котиби якуми КМ ҲК Қирғизистон Исҳоқ Раззоқов ба забони тоҷикӣ ташкил шуда буд, кор кардааст.

Дар соли 1962 ба кори омӯзгорӣ баргашта, то соли 1991 дар мактаби миёнаи ба номи устод Айнӣ забону адабиёти тоҷик ва ӯзбекро ба шогирдон дарс дод. Ҳоло бошад машғули эҷоди асарҳои наву тозааш мебошад.

Аз соли 1997 то имрӯз ҳафт маҷмӯаи ашъори ӯ ба чоп расидаанд. Китобҳои ин шоири хушсалиқа “Панди падар”, “Таҷрибаи рӯзгор”, “Замони ман” дар миёни хонандагони Қирғизистону Тоҷикистон маҳбубият пайдо кард.

Охирин маҳфили шеъри Шарифҷони Учқурғонӣ муаррифии китоби охиринаш бо номи “Ашъори вопасин” буд, ки бо ибтикори Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ доир гардид ва дар он гуруҳи калони алоқамандони шеъри тоҷик, намояндагони парламенти Қирғизистон, мақомоти вилояти Бодкан ширкат намуданд. Инчунин дар ин маросими ҷолибу гуворо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ва намояндагони Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё “Пайванд” ҳузур ёфтанд.

Шоири халқии Қирғизистон, раиси Ҷамъияти дӯстии Қирғизистону Тоҷикистон Омор Султонов ба китоби “Ашъори вопасин”-и Шарифҷон Учқурғонӣ бо ин ҷумлаҳо сарсухан навиштааст: “Офариниши шеър кори ҳар кас нест. Балки он ҳадяест, ки Офаридгор барои инсон арзонӣ медорад. Шеър ба мисли нурест, ки роҳро рӯшан менамояд. Накӯӣ сумбул ва асли ашъор аст .Ин дар навбати худ рамзест, ки инсон дар ҳама давру замонҳо расидан ба пояи накӯиро орзуи ҷовидонии худ қарор додааст. Барои ман, ки тамоми умр бо шахсиятҳои машҳури Тоҷикистон, мисли устод Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Меҳмон Бахтӣ, Гулрухсор Сафиева робитаи дӯстӣ доштаам, он чиз хурсандиовар мебошад, ки ҳамшаҳриам, сокини сарзамини зебои Бодкан, ба забони Рӯдакии бузург шеър эҷод менамояд. Дар як вақт Шарифҷони Учқӯрғонӣ равону зебо ба забонҳои ӯзбекӣ ва қирғизӣ низ асар менависад. Бовар дорам, ки чунин шахсиятҳо на танҳо фахри Қирғизистон, балки ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд”

Шарифҷони Учқӯрғонӣ узви Иттиҳодияи нависандагони Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошад. Ӯ аълочии маорифи Қирғизистон аст. Бо фармони сарвари тоҷикони дунё, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи 11-уми июли соли 2003 бо медали “Барои хизмати шоиста” сарфароз гардид. Дар соли 2007 бо медали тиллои Фонди хайрияи ба номи А. Фирдавсӣ мукофотонида шуд.

Фарзандаш Миродил Абдураззоқов – дипломати шинохтаи Ҷумҳурии Узбекистон буда, солҳои зиёд ба унвони консули Сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон ва шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон масъулият доштааст. Мавлонҷон Абдураззоқов – дигар писарашон , тоҷири муваффақ ва ҳомиву пуштибони мактабу маорифи тоҷик дар Қирғизистон ва сармоягузори ҳамаи китобҳои падараш аст. Музаффар Абдураззоқов-муҳандис аст ва духтараш омӯзгори мактабҳои тоҷикии Учқурғон мебошанд.

Соли оянд ба ифтихори 90 солагии ин пири хирад қарор аст дар Қирғизистон чанд барномаи адабӣ ва ҷашнӣ доир гардад.Ба ин хотир Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Абуабдулло Рудакӣ аз ҳоло ба таҳияи ин чорабиниҳо иқдом намудааст ва қарор аст маҳалли баргузории он зодгоҳу ҷойгоҳи шоир-деҳшурои Учқурғон,ноҳияи Қадамҷой,вилояти Бодкан бошад.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Раёсати Иттиҳодияи нависандагони Қирғизистон, Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ .имрӯз 16 декабри соли 2020 ба унвони ин Марди шариф ва тоҷики сарбаланд номаи табрикӣ ирсол намуда ва ба сини мубораки 90 қадам гузоштанашонро табрик гуфтанд.

Аз номи 60 ҳазор тоҷикони Қирғизистон устод Шарифҷони Учқӯрғонӣ, ҳомӣ ва пуштибони забону фарҳанги миллатамон дар сарзамини Қирғизистонро самимона муборакбод менамоем.Ҳамин ҳоло,ки табрикоту таманниёт унвони Устод ба Учқӯрғон ворид мешаванд, ӯ пушти мизи кориашон қарор доранд ва хома ба даст таърихи гузаштаи зодгоҳашро таълиф менамояд.Барои устод Учҷӯрғонӣ ҳар кӯчаву гузар,мазору лавҳи ин диёр,ки 27 ҳазор тоҷикон кору зиндагӣ доранд,азизу мӯътабар аст ва мехоҳад ҳамаи инро рӯи қоғаз биёварад то наслҳои баъдӣ аз гузаштагонашон ифтихор намоянд.

Умратон дароз ва хомаатон мукаррам бод Марди шариф ва миллатдӯст, ШАРИФҶОНИ УЧҚӮРҒОНӢ!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button