МАРДИ ҒОРАТГАР ДАР ХУҶАНД АЗ ГӮШИ ДУХТАРИ ХУРДСОЛ ГӮШВОРАШРО БА ЗӮРӢ ТАСАРРУФ КАРДААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 01.05.2023

Боздошт гардидани марди ғоратгар

146

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, оғоз карда шуд.
Номбурда, 26-уми апрели соли 2023, тахминан соати 11:30-дақиқа, ҳангоми дар назди ошхонаи «Филча», воқеъ дар кӯчаи Себзор қарор доштанаш, бо роҳи ошкоро аз гӯши духтарбачаи ноболиғи 8-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, як адад гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

ИЛОВА АЗ БОМДОД: Ба сокини Хуҷанд барои ғоратгарӣ бар асоси қисми дуюми моддаи 248 ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ифшо гардидани якчанд ҷинояти дуздӣ

14

Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара аризаи марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи феврали соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи мавзеи “Лойлиқа”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сафобахш 1 сар чорвои майдаи шохдорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунини, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 34-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки дар давоми рӯзҳои аз 18 то 28-уми апрели соли 2023, шахсои номаълум аз набудани соҳибхона истифода бурда, бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи сохтмонаш нотамом, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз он ҷо 1-адад асбоби оҳангудозии тамғаи “Зуброн”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18 ва ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Ёовон бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 20-уми апрели соли 2023, тахминан соати 11:00, аз хонаи истиқоматии марди 73-солаи сокини ноҳияи Спитамен якчанд намуд матоъҳои гуногуни занонаро ба маблағи 4 ҳазору 500 сомонӣ ва якчанд намуд ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button