Муҳоҷирон

МАРДЕ, КИ ДАР ҚАЗОН ОШИҚИ ЗАНАШРО ТАҶОВУЗ КАРД, АЗ ӮЗБЕКИСТОН БУДААСТ

Ҳафтаи гузашта расонаҳои Русия бо истинод ба гузориши Телеграм-канали Маш Ипташ хабар доданд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Мадамид Баёнов аз хиёнатҳои занаш дар шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия хабар ёфта, ба инҷо омадааст ва ҳамроҳи рафиқонаш марди ошиқи занашро рабуда, ба як хона бурдаасту ба як шакли пурхушунат ӯро таҷовуз кардааст. Дар хабар гуфта мешуд, ки Баёнов он мардро ҳатто бо швабра (чӯбдастаи полшӯяк) таҷовуз кардааст ва  ин ҳамаро видео гирифта, дар охир аз ҷабрдида дар ивази дар ягон ҷо нашр накардани ин видеои сабткардаашон 10 ҳазор доллар талаб кардааст. Аммо он марди таҷовузшуда ба пулис муроҷиат кардааст ва Баёновро дастгир кардаанд.

Як манбаи огоҳ аз ҷараёни ин қазия рӯзи 19 апрели соли 2023 дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” нақл кард, ки ин моҷаро дар байни тоҷикони муқими Тотористон сару садои зиёд пайдо кард ва онҳо аз пайи таҳқиқи он шуданд.

“Маълум шуд, ки дар ҳақиқат чунин ҳодиса рух додааст, вале он марди бадрашк на шаҳрванди Тоҷикистон, балки шаҳрванди Ӯзбекистон будааст. Аз тоҷикҳои Ӯзбекистон. Ҳоло ин мард дар боздошт қарор дорад ва ба ӯ ҳукми тӯлонӣ таҳдид мекунад”, гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Канали Маш Ипташ хабар дода буд, ки ба зидди ин мард бар асоси се банди Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳомоти одамрабоӣ, тамаъҷӯӣ ва зӯроварии шаҳвонӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Ба Мадамид Баёнов барои тамаъҷӯӣ бо истифодаи зӯроварӣ  бар асоси қисми сеюми моддаи 163 Кодекси ҷиноятии Русия ҳамчун ҷазо аз 7 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Ӯро барои одамрабоӣ бар асоси қисми дуюми моддаи 126 метавонанд ба муҳлати аз 7 то 12 сол ва барои зӯроварии ҷинсӣ бар асоси қисми дуюми моддаи 132 ба муҳлати аз 4 то 10 сол маҳкум ба зиндон кунанд.

Худи Мадамид Баёнов ё наздиконаш ва ҳамин тавр, ҷабрдида барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд.  Шахсияти ҷабрдида зоҳиран ба далелҳои ахлоқӣ  ошкор карда нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button