ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

БОЗ ЯК ЗАМИНЛАРЗА ДАР ШАРҚИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Маркази ҷумҳуриявии зилзиланигории вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар дод, ки рӯзи 19 апрели соли 2023, соати 13:57 ба вақти Душанбе, дар қаламрави Тоҷикистон боз як заминларза рух додааст. Бино ба ин манбаъ, маркази заминларза дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб дар шарқи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар наздикии кӯли Сарез ва марзи Тоҷикистону Чин ҷойгир шуда, замин дар умқи 80 километр бо шиддати 3,8 балл тибқи ҷадвали Рихтер ларзидааст.

Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ ва Маркази зилзиланигории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи ин заминларза хабаре надодаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ то кунун дар бораи кадом хисорот ё талафоте бар асари ин офати табиӣ гузориш надодааст.

Ёдовар мешавем, ҳамагӣ ду рӯз қабл, субҳи барвақти 17 апрел дар Мурғоб як заминларзаи иқтидораш 4,1 балл рух дода буд.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 6 заминларза,  дар як моҳи охир 24 заминларза ва дар як соли охир 234 (!!!) заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардааст.

Бар асари заминларзаи шаби 23 марти соли 2023, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button