Хабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ ДУЧАРХА ДАР ПОЙТАХТ ВА БОЗДОШТИ СОКИНИ АЙНӢ БАРОИ 3 ҲАЗОР ДОЛЛАР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 08.04.2023

Ба даст афтодани марди дучархадузд

12

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 11-уми марти соли 2023, тахминан соати 10:20-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз кӯчаи Р.Набиеви пойтахт 1-адад дучархаашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани амали қаллобӣ

01

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 31-солаи сокини ноҳияи Айнӣ оғоз карда шудааст.
Номбурда, 22-юми феврали соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии зани 38-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, бо баҳонаи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудан, аз ӯ ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати худаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button