Ҳодиса

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОН БАРОИ ТАҲҚИРИ ЯК ДУХТАР ДАР ПОЙТАХТ (2 АКС)

Раёсати ВКД дар ш. Душанбе рӯзи 9 апрели соли 2023 хабар дод, ки бар асоси шикояти як духтари ҷавон як ҷавони 19-сола аз ноҳияи Восеъро барои бадрафторӣ дастгир кардаанд.

Бино ба иттилои милитсияи пойтахти Тоҷикистон, дар натиҷаи санҷиши навори дар интернет нашр гардида, аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрванд Мирзоалиев Умедҷон Ҷамшедович, санаи таваллудаш 01.08.2004, зодаи ноҳияи Восеъ, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.

Санаи 8-уми апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки ҷавондухтаре аз бадрафтории як ҷавонписар шикоят намуда, аз мақомоти милитсия дархост намуд, ки вобаста ба ҳолати мазкур чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

Зимни пурсиш ва пешбурди корҳои санҷишӣ муайян карда шудааст, ки ҳодисаи мазкур субҳи 8-уми апрел, тахминан соати 8:30 дар кӯчаи М.Турсунзода рух додааст.

Дастгиршуда Мирзоалиев Умедҷон зимни пурсиш худро гунаҳгор ҳисобида, иброз доштааст, ки дар ҳақиқат нисбати ҷавондухтари муроҷиаткунанда бе ягон сабаб бадрафторӣ намуда, шаъну шарафи ӯро паст задааст.

Милитсияи Душанбе гуфт, вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия маводи зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд. Ба ӯ барои майдаавбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҷарима ваё то 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир сокинони пойтахти Тоҷикистон аз афзоиши мавридҳои бадрафтории ҷавонон нисбат ба занону духтарон ва истифодаи фаровони алфози қабеҳ дар кӯчаҳои Душанбе шикоят мекунанд. Мақомоти милитсия тақрибан ҳар ҳафта аз боздошти афрод бо ҷурми бадрафторӣ нисбат ба занону духтарон хабар медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

    Дар ҳайратам, коррупсия, ки камари Тоҷикистонро шикастааст, ҳеч кас аксу навор намегирад, дар интернет нашр намекунад, оё дар чунин мавридҳо телефон дар даст нест ё “заряд” надорад? Маълум мешавад, ки ҳама “манфиатдорем” (заинтересованы)!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button