ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

Ё БА КАЛЛА БИГИР, Ё ШИМАТРО КАШ! ТАФСИЛОТИ ҚАЗИЯ ШИКАНҶАИ НОБОЛИҒ ДАР РАШТ


Волидони як хонандаи мактаб дар Рашт иддао доранд, ки маъмурони милиса ӯро маҷбур кардаанд, “ё ба гуноҳ эътироф кунад” ва “ё шимашро бикашад”. Маъмурони милиса даъворо беасос донистанд. Навраси 16-сола ба гумони дуздӣ дар дӯконе дар деҳаи Навобод рӯзи 30-юми марти имсол бозпурсӣ шудааст.

Ҳоло муфаттишони додситонии ноҳияи Рашт дуздӣ ва шиканҷаи талабаи мактабро якҷоя таҳқиқ доранд.

Яке аз муфаттишон бе зикри ном 6-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, чаҳор рӯз боз маъмурони милисаро бозпурсӣ доранд. “Тафтишот оғоз шуд, аммо ҳанӯз парванда кушода нашуд,” – хабар дод ҳамсуҳбати мо.

М.С., падари наврас, ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро рӯзи ҷумъаи гузашта (31 март) ба додситонии ноҳия даъват ва бо маъмурони милиса рӯбарӯ карданд.

“Рафтори кормандони милисаро ба прокурор нақл кард. Маҷбур кардаанд, ки бигӯяд дуздӣ кард. Писарам гуфтааст, дуздӣ накард. Аз гӯшаш кашида ба девор задаанд. Яке аз онҳо маҷбур кардааст, шимашро кашад. Гуфтааст, шарм медорам. Худашон шиму таҳпӯшашро то зону фароварда, таҳдид ба таҷовуз кардаанд. Ҳарду милиса дар онҷо буданд, вале мегуфтанд, чунин кор накардаанд,” – нақл кард М.С. рӯзи 6-уми апрел.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ӯро ба ҷамоати Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт даъват карда, “маслиҳат” додаанд, ки беҳтар аст масъаларо ҷиддӣ нагирад. Вале ӯ мегӯяд, “ҳеч гоҳ аз ин роҳ намегардам. Ҳоло ба номи президент нома менависам ва арзу додамро мерасонам.”

Муфаттиши Идораи корҳои дохилии ҷамоати Навободи ноҳияи Рашт Б.А. рӯзи 6-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин ҳарфҳо асос надоранд” ва афзуд, ҳоло дар назди додситони ноҳия аст ва наметавонад суҳбат кунад.

Ҳабибулло Сафолзода, сардори шуъбаи корҳои дохилии Навобод, даъвои зидди зердастонашро “дурӯғ” номид. Ба далели онки дар бемористон аст, ба суолҳои дигар ҷавоб надод.

Тамоми моҷаро пас аз он сар задааст, ки шаби 29-уми марти имсол маҳсулоти як дӯконро дар деҳаи Яшми ноҳияи Рашт дуздидаанд. Зарари расида 6 ҳазор сомонист.

Фурӯшанда Ёрмуҳаммад Назриев мегӯяд, дуздӣ ҳангоми намози таровеҳ шуд ва намедонад маблағу ширинӣ ва нӯшобаҳоро кӣ гирифт. “Мо барои таҳқиқи ҳодиса ба Шуъбаи милисаи Навобод муроҷиат кардем. Онҳо чанд талабаи мактаби деҳаро пурсидаанд. Ин ба маъное нест, ки писари М.С. даст ба дуздӣ зада бошад,” – афзуд ӯ.

Дар солҳои охир дар идораҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон чанд мавриди шиканҷа ва марги мармузи гумонбарон сабт шудааст.

Фаъолони ҳуқуқи башар ба унвони тавсияҳои асосӣ барои пешгирии шиканҷа ба зарурати риояи қонун барои боздоштшудагон, таҳияи саривақтии санадҳои онҳо, муоинаи тиббӣ ва ташхиси дақиқи тиббӣ дар сурати шикоят аз саломатӣ ишора мекунанд. Ба ҷуз ин, гуфта мешавад, иқрори гуноҳ зери шиканҷаву таҳдид набояд далел дониста шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button