ВидеоҲуқуқи инсон

ДУЗДӢ АЗ МАҒОЗА ВА ШИКАНҶАИ ЯК НОБОЛИҒИ 16-СОЛА ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Шаби 29-ум ба 30-уми марти соли 2023 дар деҳаи Яшми ҷамоати деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт шахсони номаълум сақфи мағозаи хӯроквории мутааллиқ ба сокини деҳаи мазкур Назриев Ёрмуҳаммад Нуралиевичро рахна намуда, дохили мағоза шудаанд ва ба қавли номбурда, қисме аз молу коло ва 8500 сомонӣ пули нақдро ба яғмо бурдаанд. Рӯзи дигар Назриев бо аризаи шикоятӣ ба ШВКД оид ба хизматрасонии шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт муроҷиат намудааст.

Кормандони милитсия ҳозир шуда, ҷои ҳодисаро аз назар гузаронида сипас чанд нафарро ба ҳайси гумонбар ба идораи милитсия даъват мекунанд, ки дар байни онҳо сокини ноболиғи деҳаи Яшм Сафаров Ҳакимҷон Мирзоҳамдамович, соли таваллудаш 2007 низ будааст. Ба гуфтаи манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, чун Сафарови ноболиғи ба шӯъбаи кадрҳои дохилӣ барои бозпурсӣ ҳозир мешавад, корманди фаврии ин ниҳод Аҳёзода Билол ва як ҳамкораш, инчунин муфаттиши идораи мазкур, ки ба мо муяссар нашуд ному насабашонро пайдо намоем, ноболиғро зери фишор ва латукӯб қарор медиҳанд, то дуздии дар мағозаи деҳаашон рухдодаро ба дӯш гирад.

Ба гуфтаи шоҳидон,  даъвати Ҳакимҷон Сафаров ба ШВКД дасти кам се маротиба сурат мегирад ва ин писар аз ҷониби кормандони милитсия мавриди шиканҷа қарор мегирад. Дар ниҳоят падари ноболиғ маҷбур шудааст, ки аз болои кормандони милитсия ба додситонии ноҳияи Рашт шикоят барад. Бино ба иттилои дарёфтӣ, додситонӣ инак ба таҳқиқи қазияи шиканҷа шудани ин ноболиғ шурӯъ намудааст.

 Ҳакимҷон Сафаров хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи №18 ва фарзанди як деҳқони камбағали ба истилоҳ бепуштибон мебошад, ва кормандони милитсия мехостанд, ки ин дуздиро ба гарданаш бор карда, барои худ натиҷаи корӣ “бисозанд”, – мегӯянд ҳамсӯҳбатони “Бомдод”.

Ин бори аввал нест, ки сокинони Рашт аз амалҳои ғайриқонунии кормандони милитсия дар ШВКД оид ба хизматрасонии шаҳраки Навобод шикоят мекунад. Аз ҷумла Аҳёзода Билол, корманди оперативии ин шуъба, ки дар гузашта ба ҳайси муфаттиш кору фаъолият мекард,  алакай дар аввалҳои соли 2022 барои амалҳои ғайриқонунӣ аз вазифаи ишғолнамудааш сабукдӯш гардида буд, вале дере нагузашта боз ба ҳамин шуъбаи милитсия ба ҳайси корманди фаврӣ ба кор баргашт ва то кунун фаъолият дорад.

Ҳамсари дуюми Аҳёзода Билол духтари муовини сардори ШВКД оид ба хизматрасонии шаҳраки Навобод Идизода Зубайдулло буда, ҳамсуҳбатони “Бомдод” мегӯянд, ки ӯ аз пуштибонии сулолаи Идиевҳо, ки дар мақомҳои гуногуни давлатӣ ифои вазифа менамоянд, бархӯрдор мебошад.

Ба “Бомдод” муяссар нашудааст, ки назари худи Билол Аҳёзодаро пиромуни ин қазия бипурсад. Додситонии ноҳияи Рашт низ то ҳол парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба шиканҷа ҳудани хонандаи синфи 9 аз деҳаи Яшмро шарҳ надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button