ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ОҒОЗИ НАВ Ё ПОЁНИ ДАВРОНИ ЭРДУҒОН? САБТИ 4 НОМЗАДИ НИҲОӢ БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТУРКИЯ

Мӯҳлати ҷамъоварии имзоҳо барои номзадӣ ба интихоботи президентии Туркия рӯзи 25-уми марти соли 2023 ба анҷом расид ва Шӯрои интихоботии Туркия  4 номзадро ба интихобот роҳ дод.

Аҳмад Янер, раиси Шӯрои интихоботии Туркия, эълон кард, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон,раисҷумҳури кунунии Туркия, Камол Қилиҷдлор Оғлу,  рақиби аслии ӯ аз эътилофи аҳзоби мухолифин, Муҳаррам Инҷа ва Сино Уғон дар интихоботи рӯзи 14-уми майи соли 2023 барои касби курсии президентии Туркия бо якдигар рақобат хоҳанд кард.

Раванди интихоби номзадҳои ниҳоии президентӣ дар Туркия ба ин сурат аст, ки мардум метавонанд дар мӯҳлати муайяншудаи қонунӣ, ки аз тарафи Шӯрои олии интихоботӣ эълон карда мешавад, ба намояндагиҳои ин Шӯро дар маҳалли зисташон муроҷиат намуда, дар зери номи номзади дилхоҳи худ ба ҷонибдорӣ аз он имзо кунанд. Бино ба қонунгузории Туркия, ҳар номзад барои роҳ ёфтан ба марҳалаи ниҳоӣ бояд дасти кам 100 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кунад. 

Раҷаб Таййиб Эрдуғон номзади муаррифишуда аз ҷониби 2 ҳизб, ҳизби ҳоким, Ҳизби адолат ва тавсеа ва Ҳизби ҳаракати миллӣ аст. Эрдуғон, ки 69 сол дорад, аз соли 2003 то соли 2014 ба ҳайси сарвазир ва аз соли 2014 ба ин тараф ба ҳайси президент, дар маҷмӯъ инак 20 сол боз раҳбарии Туркияро дар даст дорад.

Аҳзоби мухолиф шашгона ва ё “мизи шаш” шомили Ҳизби демократӣ, Ҳизби миллат, Ҳизби нек, Ҳизби саодат, Ҳизби ҷаҳиши демократӣ ва Ҳизби оянда Камол Қилиҷдлор Оғлуи 74-соларо, ки тарафоронаш ӯро “Маҳатма Гандии Туркия” меноманд, ба унвони номзади ниҳоии худ пешниҳод намуданд.

Муҳаррам Инҷӣ аз сӯи Ҳизби мамлакат муаррифӣ шуд. Ӯ чандин давра вакили Маҷлиси Туркия буд ва акнун роҳбарии Ҳизби мамлакатро дар ӯҳда дорад. Ӯ дар соли 2018 низ дар интихоботи президентии Туркия бо Эрдуғон рақобат карда, бо касби 31% овозҳо шикаст хӯрда буд. Инҷиро дар Туркия бо далели ҳимоятҳояш аз андешаҳои Камол Отатурк мешиносанд.

Сино Уғон бошад номзади муаррифишуда аз Ҳизби ота вориди майдони мубориза шуд. Ӯ иқтисоддон аст ва аз соли 2011 вакили Маҷлиси Туркия мебошад.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия, ки якуним моҳ пас баргузор мешавад, дар садсолагии низоми ҷумҳурият барои мардуми Туркия дар миёни бӯҳрони иқтисодии бесобиқа, таварруми пулӣ, заминларзаи маргбор, ки ҷони наздик ба 50 ҳазор нафарро гирифт аз бисёр ҷиҳат чолишбарангез, ҳассос ва фавқулодда бо аҳамият дониста мешавад.

Аҳзоби мухолифи шашгона умедворанд, пас аз ҳудуди 20 сол, қудрати сиёсиро аз дасти Эрдуғон ва ҳизби ӯ бигиранду ба ҳукмронии исломгароён поён диҳанд.

Назарсанҷиҳо пешакӣ нишон медиҳад, ки воқеан Қилиҷдлор Оғлу аз Эрдуғон ва дигар номзадҳо пештоз аст. Қилиҷдлор Оғлу ҳарчанд на он қадар сиёсатмадори шинохта аст, вале ӯ иқтисодчӣ аст, ки ҳамин дилгармии мардуми Туркияро ба бор овардааст. Ӯ акнун роҳбарии Ҳизби ҷумҳурихоҳи ҳалқро ба ӯҳда дорад ва аз мухолифони сарсахти сиёсатҳои Эрдуғон буда, шиорҳояш дар заминаи пешравиҳои иқтисодӣ барои мардуми Туркия, ки таи чандин сол дар зери ҳукумати Эрдуғон аз таваррум ва коҳиши иқтисодиёт дар ин кишвар ранҷ мебаранд, умед ба шароити хубтари зиндагиро дар дили бисёриҳо бедор кардааст.

Вале Эрдуғон ҳам тамоми имконияти худро барои мондан дар сари қудрат ба кор андохтааст.

 Дар ҳамин ҳол, 3 ҳизби сиёсӣ ба Шӯрои интихоботии Туркия ариза навишта, хоҳони аз интихоботи моҳи май берун андохтани номзадии Эрдуғон шудаанд.

Онҳо бар инанд, ки аз рӯи қонунгузории Туркия Эрдуғон ҳақ надорад барои сеюмин бор вориди интихоботи президентӣ шавад, зеро Сарқонуни Туркия ба як нафар танҳо барои ду давраи президентӣ ҳақ медиҳад. Вале сухангӯи ҳизби ҳоким ба расонаҳо гуфтааст, ки Эрдуғон дар соли 2018 аз рӯи Сарқонуни нав раисҷумҳур интихоб шуд ва он давраи пеш аз тағйири Сарқонун  ҳисоб карда намешавад.

Интихоботи ҳамзамони президент ва парлумони Туркия 14-уми майи соли 2023 баргузор мешавад. Дар Туркия 55 миллион нафар ҳаққи овоздиҳӣ доранд. Президенти Туркия барои 5 сол интихоб карда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Шарқшинос Ҳасан Холмуҳаммадпури Абдуғаффори Ҳамадонӣ гуяд:

    Аз зиракии сиёсии эрдоған ин аст, ки ӯ дар зарфи 20-сол як ҷомеае сохт, ки зидди миллати турк ва зидди дини ислом касе ҳарф зада наметавонад, агар фарз кардем, эрдоған дар интихобот ноком эълон шавад, камол чиликдор президент шавад, ба қавли тоҷикон, қандша хӯраду сатру ҳиҷобро манъ кунад, ришро манъ кунад, азонро бо садои паст, зидди арзишҳои исломӣ ва динӣ иқдом кунад, то бегоҳ қабрашро чуқур мекананд ва як эрдоғани дигар ба майдон хоҳад омад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button