Хабарҳои кӯтоҳ

МӮСАФЕДИ 66-СОЛА СЕ МӮСАФЕДИ ДИГАРРО БА МАБЛАҒИ 142 ҲАЗОР ДОЛЛАР ФИРЕБ ДОДААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 29.03.2023

Ошкор гардидани силсилақаллобиҳои марди 66-сола

087

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 71-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки соли 2011, марди 66-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 31 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, номбурда соли 2021, ба боварии марди 68-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 70 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон, номбурда соли 2021 ба боварии марди 69-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 41 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани қаллобӣ вобаста ба хариду фурӯши автомашина

032

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 12-уми декабри соли 2022, ҳангоми дар МС «Сиёма Молл» қарор доштанаш, марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус ҶС-350», ки арзишаш 250 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Ошкор шудани ҳолатҳои дуздии таҷҳизот ва телефону маблағ

143

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 64-солаи сокини ноҳияи Вахш муроҷиат намудааст, ки 25-уми марти соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз автомашинаи шахсиаш тамғаи “Тайота-Корона”, ки дар назди устохонаи кӯчаи М.Турсунзодаи шаҳри Бохтар беназорат меистод, аз дохилаш таҷҳизоти автомашинаро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 33-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён содир намудааст.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 18-уми январи соли 2023, тахминан соатҳои 03:00, бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ, воқеъ дар кӯчаи Восеъи ноҳияи мазкур шуда, аз онҷо 4 ҳазор сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-8+,”-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 6 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button