Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

3 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ ДУ МУСОФИР БАР АСАРИ ЧАППА ШУДАНИ “ДУЛАН” ДАР КӮЛОБ

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи гузашта наҷотбахшони ин ниҳод дар рафъи оқибатҳои як садамаи маргбор дар шаҳри Кӯлоб иштирок карда, ҷасади ду қурбонии он садамаро аз мошини пачақшуда берун кашидаанд.

Бино ба иттилои кумита, нимаи дуюми рӯзи 25 марти соли 2023, соати 16:14 ба қисми навбатдории раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон хабар расид, ки дар кӯчаи Якуми майи шаҳри Кӯлоб садама рух додааст.

Наҷотбахшони бахши минтақаи Кӯлоб ба ҷои ҳодиса омада, муайян карданд, ки як мошини боркаши тамғаи “Дулан” таҳти идораи сокини 39-солаи деҳаи Заргари шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат аз тарафи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба самти шаҳри Кӯлоб  ба як дарахт дар канори роҳ бархӯрда, чаппа шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, ронандаи мошин аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонист.

Дар дохили мошин ҳангоми садама ду мусофир низ сафар доштанд. Ҳардуи онҳо дар натиҷаи ин садама дар ҷои ҳодиса ҷон бохтаанд. Ронандаи мошинро бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони шаҳри Кӯлоб бистарӣ кардаанд.

Наҷотбахшон бо истифода аз васоили махсус ҷасадҳои мусофирони ҳалокшударо аз даруни мошини пачақшуда берун кашида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд. Дар бораи шахсияти онҳо дар иттилоия чизе гуфта нашудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи ин ҳодиса бори дигар аз ронандагон хостааст, ки дар роҳҳо аз ҳадди аксари эҳтиёт кор гирифта, қоидаҳои ҳаракат ва суръатро риоя кунанд.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button