ҒОРАТГАР ШАБОНА АНГУШТАРИ ТИЛЛО ВА ТЕЛЕФОНИ СОКИНИ ПОЙТАХТРО КАШИДА ГИРИФТААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 15.03.2023

Боздошт гардидани марди ғоратгар

40

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 1-уми феврали соли 2023, тахминан соатҳои 22:20-дақиқа, ҳангоми дар истгоҳи назди бинои “Ватан”-и пойтахт қарор доштанаш, бо роҳи ошкоро ва зӯроварӣ марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳия 1-адад ангуштарини тиллоӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми Нот-9”-ашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 900 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

14

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 41-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 12-уми марти соли 2023, ҳангоми дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Ҳисор қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-6” ва 650 сомониашро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои опертавӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда моҳи октябри соли 2022 бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии зани 34-солаи сокини пойтахт шуда, аз онҷо 4 ҳазору 800 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳамзамон, номбарда моҳи декабри соли 2022 бо роҳи пинҳонӣ вориди утоқи кории марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки дар кӯчаи С.Шерозӣ воқеъ мебошад, аз дохили кашаки ҷевони оҳанин дар 4 марҳила 30 ҳазору 500 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Даст задани зани 45-сола ба ҷинояти қаллобӣ

09c90532582f67c5b71027b09d86982f

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи зани 60-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи октябри соли 2022 зани 45-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 500 доллари амрикоӣ гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button