ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ 95 БАСТА МАТОИ ЗАНОНА АЗ ЯК ДӮКОН ДАР БОЗОРИ “АТУШ”

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 13 марти соли 2023 аз ошкор шудани ду ҳолати дуздӣ дар вилояти Суғд хабар дод.

Аз ҷумла ба ШВКД ноҳияи Б.Ғафуров аризаи марди 39-сола, муваққатан сокини шаҳри Бӯстон ворид гардидааст, ки 2-юми марти соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили контейнер, воқеъ дар бозори «Атуш»-и ноҳияи Б.Ғафуров, 95 рулон матои занонаро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-сола ва ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Гулистон бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Номбурда ба он гумонбар мешавад, ки шаби 9-уми марти соли 2023, тахминан соати 23:00, аз бордони автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс-Е124», 13 ҳазору 200 сомонӣ ва 700 доллари амрикоиро тариқи пинҳонӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҷамъи зарари расонидашуда 20 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.

Дуздӣ яке аз ҷиноятҳои аз ҳама роиҷ ба шумор рафта, соли 2022 дар Тоҷикистон 4 ҳазору 868 ҳодисаи дуздӣ ва соли 2021 6019 чунин ҳодиса сабт шудааст.  Ин тақрибан чоряки ҷамъи ҷиноятҳои содиршударо дар ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Вале бовар меравад, ки шумораи воқеии дуздиҳо дар Тоҷикистон хеле бештар аз ин омори расмист, чунки дар бисёр мавридҳо шаҳрвандони мол ё пулашон дуздидашуда сарфи вақту нирӯ барои ҷустуҷӯи дуздонро беҳуда дониста, ба мақомот муроҷиат намекунанд. Мақомот низ бисёр вақт барои зиёд нашудани шумораи ҷиноятҳои ошкорнашуда аз сабти шикоятҳо аз дуздӣ бо ҳар роҳ саркашӣ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button