САРГУЗАШТҲОИ ОСТАП БЕНДЕРИ ҒАРМӢ: ҲАМ МАСҶИДРО ФИРЕБ ДОДУ ҲАМ ҲИЗБИ ҲОКИМРО…

Додгоҳи ноҳияи Тоҷикобод рӯзи 3 марти соли 2023 бо баргузории як мурофиаи сайёр дар бинои додгоҳи ноҳияи Рашт сокини 55-солаи деҳаи Яшми ҷамоати ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт Муродов Сикандар Кишваровичро бар асоси моддаи 247, қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург гунаҳкор шинохт ва ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин парванда 11 нафар ҳамчун ҷабрдида мегузашт.

Саргузаштҳои Сикандар Муродов нишон медиҳанд, ки ӯ мисли Остап Бендери ғармӣ буда, ки барои даромади муфт аз чизе рӯ намегардонд: Аз ҷумла ӯ барои истифода дар схемаҳои қаллобиаш ҳатто тавонистааст, ки узви ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон шавад ва дар оянда аз билети ҳизбиаш низ дар қаллобиҳои худ истифода барад. Сикандар Муродов ба ҷабрдидаҳо билети ҳизбиашро нишон дода мегуфт, ки “агар ман фиребгар мебудам, маро ба узвияти ҳизби президент магар қабул мекарданд?” Вале бино ба иттилои дарёфтӣ, ӯ дар ниҳоят ҳатто ҳизби ҳокимро ҳам фиреб дода, ҳаққи узвияташро насупурдааст.https://youtu.be/vz7aSd02DAM

Ҳамин тавр, Сикандар Муродов як рӯз пеши домулло Абдуқодир Абдухолиқов, имоми масҷиди деҳаи Хӯҷаалӣ, ки ба далели “ғайриқонунӣ сохта шуданаш” баста шуда буд, омада, мегӯяд, ки метавонад дар ивази 85 ҳазор сомонӣ қарори аз нав кушодани масҷидашонро гирифта бидиҳад. Имом ва аҳли деҳа ба ин ваъда бовар карда, 85 ҳазор сомонӣ ҷамъ карда,  дар чанд навбат ба дасти Сикандар медиҳанд ва ӯ ба ин пул барои худаш як “Мерседес”-и “Сечка” харида, кайф карда, саворӣ карда мегардад. Мардуми Хӯҷаалӣ ва имоми масҷиди ин деҳа то хеле вақт ба умед будаанд, ки Сикандар масҷидашонро мекушояд. Ақли касе намегирифт, ки ӯ ҷуръат бикунад ва аҳли масҷидро фиреб бидиҳад. Баъди ҷанҷолу давутози зиёд ба имоми Хӯҷаалӣ муяссар шудааст, ки аз Сикандар Муродов 56 ҳазор сомонӣ аз пули додаашонро бо азобе пас бигирад, вале 29 ҳазор сомонӣ қарзи боқимонда дар гарданаш Муродов дигар барои 9 сол паси панҷара рафт.

Ӯ аз ҷумла соли 2019 аз ҳамдеҳааш Нигина Ҳамидова, ки дар Душанбе ба сар мебурд, барои хонадор кардани писараш дар умум ба маблағи беш аз 60 ҳазор сомонӣ пулу тилловорӣ гирифта, 4 сол боз пули ӯро барнагардондааст.

Бино ба маводи парвандааш,  Сикандар Муродов аз маблағҳои майдаю чуйда ҳам ҳазар намекард. Аз ыҷмла дар ҳамон соли 2019 Сикандар Муродов аз мағозаи деҳаи Шулмак ба маблағи 500 сомонӣ хӯроквориро қарз гирифтааст ва пули соҳиби ин мағозаро ҳам то ҳол надодааст. Ӯ ҳамин тавр, аз як дорухонаи шаҳраки Навобод низ 310 сомонӣ қарздор будааст.

Кормандони раёсати корҳои дохилии  минтақа ва ноҳияи Рашт зӯҳри 12-уми сентябри соли 2022 Муродов Сикандарро бо гумони даст доштан дар як силсила қаллобиҳо ба маблағҳои бузург дастгир кардаанд.  Як ҳамсуҳбати “Бомдод” хабар дода буд, ки Сикандар Муродов аз ҷумла чанд сол қабл ҳамроҳ бо бародараш Фаридун Муродов ба боварии шаҳрванд Ҳ.Т. даромада, бо ваъдаи таъйин кардани ӯ ба вазифаи роҳбари идораи ширкати “Барқи Тоҷик” дар минтақа ва ноҳияи Рашт аз Ҳ.Т.  шасту панҷ ҳазор доллари ИМА (65 000$) гирифтаанд. Вале бародарони корчаллон ин маблағи ҳангуфтро ба нафъи хеш истифода бурда, ба манфиати Ҳ.Т. ягон кор анҷом надодаанд ва ӯ бо вуҷуди додани чунин маблағи бузург натавонистааст ба мақоми раҳбари шабакаҳои барқи водии Рашт таъйин бишавад.

Муродов Искандар соли 1967 дар деҳаи Яшм  ба дунё омада, дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунад. Ӯ аз се зан 10 фарзанд дорад, вале дар ягон ҷо кор намекунад.

Ҷамъи маблағҳое, ки ӯ шаҳрвандонро фиреб дода, аз они худ кардааст, беш аз як миллион сомониро ташкил медод, вале дар ҷараёни мурофиа як қисми даъвогарон аз даъвои худ ба зидди ӯ даст кашиданд. Вале дастикам ду нафар: Нигина Ҳамидова ва имоми деҳаи Хӯҷаалӣ гуфтаанд, ки ҳаққи худро, агар дар ин дунё нашуд, дар қиёмат ҳам аз Сикандар Муродов талаб хоҳанд кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button