ОДКБ АЗ ТАҲИЯИ РОҲИ ҲАЛЛИ МУНОҚИШАИ МАРЗИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ХАБАР ДОД

Дар нишасти сардорони бахшҳои ҳамкориҳои ҳарбии байналмилалии қувваҳои мусаллаҳи созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ), ки дар шаҳри Минск доир шуд, пешниҳодҳо дар мавриди роҳҳои оддӣ сохтани вазъ дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистонро таҳия кардаанд. Дар ин бора рӯзи 4 марти соли 2023 дар Твиттер сардори департаменти ҳамкориҳои байналмилалии ҳарбӣ ва ёвари вазири мудофиаи Беларус Валерий Ревенко хабар дод.

Тафсилоти ин нақша ё роҳкори барои ҳалли баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон таҳияшуда нашр нашудааст.

Ёдовар мешавем, бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар ду соли охири 2021-2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар беш аз 200  нафар  кушта шуда, ҳудуди 750 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд.

Муноқишаи аз ҳама хунин аз 16 то 18 сентябри соли 2022 рух дода, бо ҳудуди 140 куштаву беш аз 400 захмиаш хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2021, инак қариб ду сол боз барои равуои шаҳрвандон ва интиқолу молу коло пурра баста аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button