САРМУҲОСИБИ МАКТАБИ №50 ДАР МӮЪМИНОБОД БА ТАСАРРУФИ МАБЛАҒҲО АЙБДОР МЕШАВАД

Сармуҳосиби мактаби миёнаи №50 ноҳияи Мӯъминобод Фаррухҷон Сабуров ба тасарруфи  34 ҳазору 669 сомонӣ (тақрибан 3300 доллар) бо роҳи сохтакорӣ айбдор мешавад. Тафтиши парвандаи ӯ алакай анҷом ёфта, барои баррасӣ ба  додгоҳ супурда шудааст.

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 20 феврали соли 2023 дар шарҳи ин парванда гуфт: “Сабуров Фаррухҷон Бозорович дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 ноҳияи Муъминобод кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш бо роҳи сохтакорӣ 34669 сомониро ҳамчун музди маош барзиёд ба суратҳисоби корти бонкиаш гузаронида, тасарруф намудааст.  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Сабуров Фаррухҷон Бозорович бо моддаҳои 245 қисми 2, банди “г” ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд”.

Агентӣ дар бораи парвандаи Сабуров тафсилоти дигар надодааст.

Ба сармуҳосиби акнун собиқи мактаби №50 бар асоси қисми дуюми моддаи 245 барои тасарруфи маблағҳо бо сӯиистифода аз ваколати мансабӣ  ҷарима ба андозаи аз 547 то 1092 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо имсол баробари 68 сомонӣ, ё тақрибан 6,5 доллар аст)ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 3 то 6сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 3 сол таҳдид мекунад. Бар асоси моддаи 323 барои сохтакории хидматӣ ба Сабуров ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 3 сол ё бидуни он таҳдид мекунад.

Сохторҳои соҳаи маориф дар Тоҷикистон ҳамеша дар ҷумлаи ниҳодҳои аз ҳама фасодзадаи давлатӣ ном бурда мешаванд. Тоҷикистон ба сурати умум дар радифи 30 кишвари аз ҳамаи фасодзадаи дунё номбар шуда, дар раддабандии ахири созмони “Транспаренси Интенешнал” дар байни 180 кишвар дар мақоми 150 ҷой гирифта буд.

Мақомоти Тоҷикистон низ ба як падидаи фарогир табдил ёфтани коррупсияро дар кишвар эътироф мекунанд ва барои мубориза бо ин падидаи манфӣ ҳанӯз соли 2007 Агентии мубориза бо коррупсияро таъсис доданд. Вале ин ниҳодро бисёр вақт ба он айбдор мекунанд, ки дар роҳи мубориза бо коррупсия худро бо шикори “моҳичаҳо”е, чун кормандони ҷамоатҳову комиссариатҳои ҳарбӣ ваё муаллимону муҳосибон андармон кардааст ва  ҷуръати кор гирифтан бо наҳангҳои бузурги дарёи фасодро, ки аксараш дар раддаҳои болоии ҳукумат пуштибонҳои қавӣ доранд, надорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button