МУНОҚИШАИ ХУНИНИ 2 ГУРУҲИ ҶАВОНОН АЗ ДЕВАШТИЧ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 20.02.2023

Бо корд захмӣ намудани ҷавони 22-сола

057

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони муайян карда шуд, ки се ҷавони 19-солаи сокинони ноҳияи Деваштич ва шаҳри Хуҷанд, 15-уми феврали соли 2023, тахминан соати 19:20-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи 30-солагии Ғалабаи шаҳри Хуҷанд қарор доштанашон, бо ҷавонони 21, 22 ва 23-солаи сокинони ноҳияи Деваштич ҷангу ҷанҷол карда якдигарро мавриди лату кӯб қарор додаанд.
Дар ҷараёни муноқиша яке аз ҷавонони 19-сола бо мақсади қасдан расонидани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ бо корди кисагӣ (финка) 1-маротиба ба шиками ҷавони 22-сола зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 110 қисми 1 ва 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Бо баҳонаи соҳибкорӣ даст ба қаллобӣ задани марди 57-сола

12

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 57-солаи сокини ноҳияи Деваштич, 14-уми октябри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи ба соҳибкорӣ машғул будан, аз ӯ 40 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дастгир шудани нафарони ҷинояти дуздӣ содир намуда

082

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 1-уми январи соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди бинои навсохтмон, воқеъ дар кӯчаи А.Раҷабови шаҳри Душанбе шуда, аз он ҷо масолеҳи сохтмониро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 25 ва марди 37-солаи сокинони ноҳияҳои Варзоб ва Б.Ғафуров, содир намудаанд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 43 ва 37-солаи сокинони шаҳри Конибодом, ки якеашон пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, 16-уми феврали соли 2023, тахминан соати 11:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии марди 32-солаи сокини шаҳри мазкур 1-адад телевизори тамғаи «Самсунг», 1-адад планшети тамғаи «Самсунг», 1-адад сандуқи чӯбин ва як ҷуфт рӯйпӯши рахти хобро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button