ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ИЗҲОРИ СИПОСИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКИЯ БА НАҶОТБАХШОНИ ТОҶИК ВА БА ТОҶИКИСТОН (ВИДЕО)

Рӯзи 20 феврали соли  2023 Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар ҷараёни  боздиди худ аз минтақаҳои зилзилазадаи ҷануби Туркия ба вилояти Хатой омад ва бо кору фаъолияти наҷотдиҳандагон, аз ҷумла бо кори наҷотбахшони  Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ аз наздик ошно шуд.

Зимни суҳбат бо имдодгарони тоҷик президенти Туркия ба кору фаъолияти наҷотдиҳандагони тоҷик баҳои баланд дод. Вай ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи халқи тоҷик, ки дар ин рӯзҳои барои Туркия пурмусибат дар паҳлуи онҳо қарор гирифтанд, кумаки башарӣ равон карданд ва имдодгарони тоҷик дар корҳои ҷустуҷӯву наҷоти офатзадагон ҳисса гузоштанд, самимона изҳори сипос кард.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, президенти Туркия дар дидор бо наҷотбахшони тоҷик ҳамчунин изҳор доштааст, ки аз ҷараёни корҳои наҷоту ҷустуҷӯ ва аз фаъолияти имдодарони ватаниву хориҷӣ огоҳии комил дорад ва дақиқа ба дақиқа пайгирӣ мекунад.

Аз рӯзи 9 феврал дар шаҳри офатзадаи Қаҳрамонмаръаш дар ҷануби Туркия як гуруҳи иборат аз 50 наҷотдиҳанда ва табиб аз Тоҷикистон низ дар амалиётҳои ҷустуҷӯ ва наҷот иштирок дорад.

Наҷотдиҳандагони тоҷик тавонистанд се нафарро : падару тифли шашмоҳааш ва як кӯдаки сесолаи дигар бо номи Явузро дар шаҳри Қаҳрамонмаръаш зинда аз зери харобаҳо берун биоранд. Онҳо ҳамчунин дар Қаҳрамонмаръаш ва Хатой дар умум беш аз 200 ҷасадро аз зери харобаҳо пайдо карда, берун овардаанд.

Заминларзаи сангини рӯзи 6 феврал дар ҷануби Туркия ва шимоли Сурия боиси марги ба таҷрибан 50 ҳазор нафар расида, пурқурбонитарин заминларза дар ин минтақа аз соли 1939 ба ин тараф шумурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button