СӮХТОР ДАР МАСҶИД ДАР КӮЧАИ АБДУЛЛО ЗИКИРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ (ВИДЕО)

Шаби 22 ба 23 январи соли 2023 масҷиди воқеъ дар кӯчаи Абдулло Зикири шаҳри Ваҳдат ба коми оташ рафт. Ба гуфтаи шоҳидон, сӯхтор тақрибан соати дуи шаб аз дарвозаи масҷид оғоз ёфта, хеле зуд тамоми биноро фаро гирифт. Дар сӯхтори масҷиди шаҳри Ваҳдат касе осеб надидааст, вале мардум инак 2 рӯз боз ба тоза кардани оқибатҳои сӯхтор машғуланд.

Масҷиди воқеъ дар кӯчаи Абдулло Зикири шаҳри Ваҳдат барои 1000 намозгузор сохта шуда, яке аз бузургтарин масҷидҳо дар ин минтақа ба шумор мерафт. Ин масҷид соли 2013 бозсозӣ шуда буд.

Сокинон мегӯянд, фарзияи маъмули “расиши кӯтоҳи ноқилҳо” ҳамчун сабаби сӯхтор дар ин масҷид шояд кор наояд, чунки чанд рӯз боз бо вуҷуди идомаи сардиҳо, нирӯи барқро дар аксари манотиқи Тоҷикистон шабона аз соати 22 то панҷи субҳ хомӯш мекунанд.

Тоҷикистон инак ду ҳафта боз бо сардиҳои барои дастикам 15 соли охир бесобиқае рӯбарӯ шудааст. Дар ин рӯзҳои сард таз Тоҷикистон ақрибан ҳар рӯз дар бораи сӯхтор дар хонаҳои мардум ва иншооти дигар, аз ҷумла дар масҷидҳо, хабарҳо ба даст мерасанд.

Танҳо дар як ҳафтаи охир дастикам ду масҷид дар Тоҷикистон ба коми оташ рафтанд.

Ҳафтаи гузашта масҷиди панҷвақтаи деҳаи Чаманистон дар ҷамоати Сомон дар канори шаҳри Ҳисор дучори сӯхтор шуда буд. Гуфта мешуд, ки сӯхтор дар масҷид аз фарши гарми он сар задааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button