Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

РОНАНДАИ МАСТ КӮДАКИ ҲАМДЕҲААШРО ПАХШ КАРДА, ДАР РӮИ РОҲ ПАРТОФТ ВА ФИРОР КАРД…

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки соати панҷи субҳи барвақти ҷумъа, 20 январ бара сари бархӯрди мошини “Опел-Астра” бо мошини боркаши ЗИЛ дар километри 256-уми Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ронандаи “Опел”, сокини 33-солаи шаҳри Истаравшан дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Шоми 19 январ як кӯдаки 12-сола аз деҳаи Нуристони Панҷакент дар роҳи Айнӣ-Панҷакент зери чархи мошини “Опел-Зафира” монда, дар бемористон ҷон додааст. ВКД гуфт, ронандаи мошин, сокини 29-солаи Нуристон, ки маст буд, кӯдакро партофта, аз ҷои ҳодиса фирор кард, вале кормандони милитсия ӯро муайян ва дастгир кардаанд.

Бино ба иттилои ВКД, субҳи барвақти 20-уми январи соли 2023, тахминан соати 05:05-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Эрназаров Акмал Ғайбуллоевич, соли таваллудаш 1990, сокини ш.Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар километри 256-ум бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «ЗИЛ-130Г», таҳти идораи ронанда, Ашуров Норбек Муродҷонович, соли таваллудаш 1998, сокини н.Деваштич бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Эрназаров А.Ғ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.
19-уми январи соли 2023, тахминан соати 17:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Сатторов Самариддин Бурибоевич, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Нуристони ш.Панҷакент, дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Айнӣ-Панҷакент”, дар ҳудуди деҳаи Нуристон бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ Маҳмаризоев Нурбек Маҳмадқулович, соли таваллудаш 2011, хонандаи синфи 5, сокини деҳаи Нуристонро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Маҳмаризоев Н.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Сатторов С.Б. дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бино ба омори расмии ВКД, ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button