ҒОРАТГАРӢ ДАР БОЗОРИ “ФАРОВОН” ВА ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 30 ҲАЗОР ДОЛЛАР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 20.01.2023
Боздошт гардидани марди 36-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров бо ариза марди 40-солаи сокини шаҳри Гулистон муроҷиат намудааст, ки 25-уми декабри соли 2022, шахси номаълум дар ошёнаи дуюми бозори «Фаровон» бо истифодаи зӯроварӣ ва ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми-8»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ифшо гардидани кирдори қаллобии марди 43-сола

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 8-уми сентябри соли 2022, дар кӯчаи А.Дониши пойтахт марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 30 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.