ДАРГУЗАШТИ ФИРӮЗҶОН, ФАРЗАНДИ КАЛОНИИ ОВОЗХОНИ ШИНОХТА ҲАЁТОЙ МУЪМИНОВА

Фирӯзҷон, фарзанди калонии овозхони шинохтаи тоҷик Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҳаётой Муъминова субҳи ҷумъа, 6 январи соли 2023 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, Фирӯзҷон тақрибан ду соли охир аз бемории қалб ранҷ мебурд.

Дар бораи даргузашти фарзанди Ҳаётой Муъминова хабарнигор ва шоири тоҷик Oрзу Исоев дар Фейсбук хабар дод. “Ин субҳ Фирӯзҷонро аз даст додем. Ба аҳли оилаи Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҳаётой Муминова барои аз даст додани фарзанди азизашон ҳамдардӣ баён мекунам”, – навиштааст Орзу Исоев.

Раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишкада вобаста ба даргузашти бармаҳали фарзанди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, номзади илми таърих, иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи сарояндагии факултаи санъати мусиқии мардумӣ Муминова Ҳаётхон Аслоновна тасаллияти хешро баён ва андуҳи ин талафоти бебозгаштро бо ҳам қисмат менамоянд. Дар ин лаҳзаҳои душвор ва ҳузнангез ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Муминова Ҳаётхон Аслоновна, аҳли оила ва хешу наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, сабри ҷамил мехоҳем. Ҳамзамон, аз даргоҳи илоҳӣ хоҳони онем, ки руҳи марҳум шод ва ҷояш ҷаннати ҷовидон бошад.

Сӯзад ба оташи ғам имрӯз ҷони модар,

Бефайзу рангу бӯ шуд, дардо ҷаҳони модар.

Фарёди ҷонхароши модар баланд гардид,

Аз марги ногаҳони Фирӯзҷони модар.

Ин дард бедаво аст, ин ранҷ бетамом аст,

Кас дарк кай намояд сӯзи ғамони модар.

Чун тир гар равад вақт ин доғро нашӯяд,

Аз синаи фигори пурормони модар.

Тораш наво надорад, ҷонаш сафо надорад,

Гӯяд куҷо равонӣ, ширинзабони модар.

Осоишу нишоташ бо тобути писар рафт,

Хун мечакад зи чашми гавҳарфишони модар.

Фарзанди меҳрубонаш монанди гул ҷавон буд,

Дунёи дун надорад бори гарони модар,

Бар модари хунарвар сабри ҷамил хоҳам,

Ё Раб, ба гӯш н-овар дигар фиғони модар.

Садҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба Ҳаётой Муъминова изҳори ҳамдардӣ карда, барои фарзанди ҷавонмаргшудааш Фирӯзҷон охирати обод ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хостаанд.

Сардабири нашрияи “СССР” Сайёфи Мизроб (Сайф Достиев), ки ҳоло дар зиёрати Хонаи Худо қарор дорад, менависад: “Апаи Ҳайётой, медонам сухане дар ин лаҳза шунидан зиёдатист, вале дар намози ҷумъаи Мадина, дар ҳузури Муҳаммад (с) мағфират бар марҳум металабам…”

“Апаи азизу гиромӣ Ҳаётой Муминова!

Даргузашти нобаҳангоми писари шуморо шунида, хунҷигар шудам!

Худованд марҳумро раҳмату мағфират кунад ва макони охираташро равзаи ҷаннат гардонад.

Аз Худованди карим ба аҳли хонадонатон дар ин мусибати сахту сангин сабри ҷамил истидъо дорам.

Тасаллияти моро қабул кунед!”, – навиштааст Нуралӣ Хоркашев.

Дилафрӯз Қурбонӣ низ навиштааст: Апаи азизам Хаётой Муминова! Худованд ба шумо ва аҳли хонадонатон сабру таҳаммул диҳад, то ин дарди ҷонсӯзро паси сар кунед.

Худованд писари азизатон  – ин  ҷавони номуродро раҳмату мағфират кунад ва макони охираташонро обод гардонад.

Бисёр дилреш шудам…

Ҳамдардиямро қабул кунед. 

Даргузашти фарзанди Ҳаётой Муъминова дар ҳолест, ки ҳамагӣ ду ҳафта пеш ин овозхони маҳбуби таронаҳои мардумӣ ва устоди Донишкадаи фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон ба синни мубораки 60 расида буд.

Ҳаётой Мӯъминова (Мӯъминова  Ҳаётхон Арслонова) 24 декабри соли 1962 дар Регар (ҳоло Турсунзода) ба дунё омада, дар мактаби мусиқӣ рубобнавозӣ ва овозхониро омӯхт ва баъди иҷрои таронаи “Бахти ҷовидон” дар озмуни ҷумҳуриявии “Бӯстон 2” ҳамчун овозхони ҷавону ояндадор ном баровард. Дар поёни солҳои 80, вақте ки устод Зафар Нозим Ҳаётой Мӯъминоваро ба ансамбли навташкили фолклорию этнографии “Ганҷина” даъват кард, ӯ алакай дар водии Ҳисор як овозхони шинохта ва матраҳ буд, ки бо хондани таронаҳои мардумӣ дар дили мардум ҷои худро пайдо карда буд.

Ҳаётой Мӯъминова чандин сол дар “Ганҷина” ҳунарнамоӣ карда, сипас раҳбари ансамбли “Чаман” ва узви ҳайъати ҳакамони озмуни “Овози тиллоӣ буд” ва инак чанд сол боз дар Донишкадаи фарҳанг ва ҳунари ба номи Мирзо Турсунзода дарс медиҳад ва таърихи мусиқии тоҷикро, ки як арсаи илмии то кунун хеле кам таҳқиқшуда ба шумор меравад, таҳқиқ мекунад.

Агар аз солҳои ҳунарнамоиҳои эҷодии Ҳаётой Мӯъминова даҳҳо таронаҳои шоҳкор, аз ҷумла таронаҳои мардумии бо шарофати бозхонии ӯ эҳёшуда ба ёдгор монда бошанд, маҳсули  фаъолияти илмии солҳои охири ӯ асарҳоест, ба мисли “Нақши Барно Исҳоқова дар ташаккули фарҳанги иҷрои “Шашмақом”, “Нақши нахустин овозхонщои зан дар ташаккули санъати операи миллӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1940-1960)”,  “Саҳми занон дар рушди фарҳанги мусиқии Тоҷикистон дар нимаи дуюми асри 20 ва авввали асри 21”…

Аҳли идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ба овозхони маҳбуб Ҳаётой Муъминова даргузашти фарзандашро изҳори таслият гуфта, барои марҳум аз даргоҳи Худованд раҳмату мағфират ва барои апаи Ҳаётой ва пайвандонаш сабри ҷамил металабад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button