ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ОДАМКУШӢ ҲАНГОМИ ШАБНИШИНИИ РАФИҚОН ДАР ХУҶАНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 26 ба 27 декабри соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд дар ҷараёни як шабнишинӣ куштор рух додааст.

Бино ба иттилои ВКД,  марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд шаби 26 ба 27-уми декабри соли 2022, тахминан соати 02:00, ҳангоми шабнишӣ бо рафиқонаш бо марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур муноқиша ва ҷангу ҷанҷол намуда, бо истифода аз корди хоҷагӣ 4 маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тафсилоти дигар ва сабаби муноқишаи хунини ду рафиқ шарҳ дода нашудааст. Ин ҳам гуфта нашудааст, ки оё ин ҳодиса дар ҳолати мастӣ рух додааст?

 Танҳо гуфта мешавад, ки нисбат ба марди дастгиршуда бар асоси қисми якуми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва тафтиши ҳодиса идома дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Бандҳои дигари моддаи 104 барои куштор ҳамчун ҷазо аз 15 то 25 соли зиндон ва ҳатто ҳабси умрбодро ҳам пешбинӣ мекунанд.

Бино ба омори расмии ВКД, дар нимаи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон аз ҷумла 22 одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор ва 64 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ сабт шудааст. Дар нимаи аввали соли 2021 дар Тоҷикистон 20 куштор рух дода буд.

Дар бораи шумораи ҳолатҳои одамкушӣ дар нимаи дуюми соли 2022 то кунун омори расмие нашр нашудааст, вале тақрибан ҳар ҳафта дар бораи ягон ҳодисаи одамкушӣ дар ин ё он гӯшаи Тоҷикистон хабарҳо ба даст мерасанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button