ВидеоМуҳоҷирон

ИХРОҶИ 6 МУҲОҶИРИ ТОҶИК АЗ НИЖНИЙ НОВГОРОД ВА ЧАНД ТОҶИКИ ДИГАР АЗ ТУЛА

Хадамоти приставҳои вилояти Нижний Новгороди Русия рӯзи 20 декабри соли 2022 хабар дод, ки ахиран аз ин вилоят 10 муҳоҷири ғайриқонунӣ, аз ҷумла 6 шаҳрванди Тоҷикистон, 2 шаҳрванди Озарбойҷон ва 2 шаҳрванди Арманистонро иҷборан ихроҷ кардаанд. Ин 10 нафарро приставҳо ба фурудгоҳҳои Маскав оварда, ба ҳавопаймоҳои роҳии кишварҳои зодгоҳашон савор кардаанд. Ҳамаи онҳо барои 5 соли оянда аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карда шудаанд.

Хадамоти матбуоти идораи приставҳои вилояти Нижний Новгород дар шарҳи ин гуфт:

 “Ихроҷи иҷбории ин шаҳрвандони хориҷӣ бар асоси қарори додгоҳ сурат гирифт. Ҳамаи онҳо бар асоси моддаи 18.8 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия ба вайрон кардани тартиби вуруд ба Русия ва қоидаҳои будубош дар ин кишвар гунаҳкор шинохта шудаанд. То рӯзи ихроҷашон ин муҳоҷиронро дар боздоштгоҳҳои хориҷиёни рӯ ба ихроҷ нигоҳ медоштанд”.

Ҳамзамон, рӯзи 20 декабр идораи приставҳои вилояти Тула хабар дод, ки дар як моҳи охир аз ин вилоят 25 муҳоҷири ғайриқонунӣ ва аз аввали сол 295 хориҷиро ихроҷ кардаанд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Молдова, Ветнам, Нигерия, Шри-Ланка, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳастанд. Муҳоҷирони ғайриқонуниро аз вилояти Тула низ то фурудгоҳҳои Маскав оварда, ба кишварҳои зодгоҳашон фиристодаанд.

Моҳи ноябр приставҳои вилояти Калуга, ки волиаш Шапша бо сиёсати ошкоро зидди муҳоҷиронаш ном бароварджааст, аз ихроҷи 14 шаҳрванди Ӯзбекистон ва 10 муҳоҷири тоҷик хабар дода буданд.

Чанд сол пеш шумори шаҳрвандони тоҷике, ки ба рӯйхатҳои сиёҳи Русия афтода, ба сабаби “запрет” ба он кишвар сафар карда наметавонистанд, аз 300 ҳазор нафар гузашта буд. Солҳои охир мавҷи ихроҷҳо аз Русия зоҳиран камтар шуд, вале афви якбора 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик  дар моҳи сентябри соли 2021 нишон дод, ки шумори афроди таҳти “запрет” ҳамчунон хеле зиёд будааст.

Барои Тоҷикистон, ки як кишвари муҳоҷирфирист ва вобастаи пули муҳоҷиронаш ба шумор меравад ва рӯзгори аксари хонаводаҳо дар ин кишвар аз ҳисоби пули фиристодаи азизони муҳоҷирашон мечархад,  таҳти “запрет” афтодан ва аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудани ҳар муҳоҷири тоҷик ба маънои аз як манбаи муҳими таъмини зиндагиаш маҳрум шудани дастикам як хонавода дар Тоҷикистон аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button