ДАР ӮЗБЕКИСТОН 33 ВАЗОРАТУ ИДОРАИ ДАВЛАТИРО БАРҲАМ ДОДА, МАНСАБДОРОНРО КАМ МЕКУНАНД

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 20 декабри соли 2022 дар паёми солонааш ба ҳарду палатаи парлумон гуфт, дар ин кишвар ислоҳоти сохтории ҳукумат ба роҳ андохта шуда, шумораи вазорату идораҳои давлатӣ беш аз 2 маротиба ва шумораи мансабдорон то 30% кам карда хоҳад шуд.

Ман ба фармони ислоҳоти сохторӣ имзо кардам. Шумораи вазорату идораҳо аз 61 то ба 28 адад пойин бурда шуда, шумораи мансабдорони давлатӣ низ давра ба давра 25-30% кам карда мешавад”, – изҳор дошт Мирзиёев. Ӯ афзуд, салоҳиятҳо байни вазорату идораҳои давлатӣ тавре тақсим карда мешавад, ки  “кори якдигарро такрор накунанд”.

Мирзиёев гуфт, дар ҷараёни ин ислоҳот даҳҳо тан аз вазирон мансабҳои худро аз даст медиҳанд. “Танҳо онҳое дар мансаб мемонанд, ки соҳаи худро ба таври ақим медонанд, содиқона кор мекунанд ва аз пуштибонии халқ бархӯрдоранд “, – таъкид кард президенти Ӯзбекистон.

Ӯ ҳамчунин гуфт, дар ҷараёни ислоҳот ба сарвазир салоҳиятҳои бештар дода мешавад ва вазирон аз ин ба баъд метавонанд бисёре аз масоилро мустақиман бо сарвазир ҳаллу фасл кунанд.

Шавкат Мирзиёев, ки имсол ба синни 65 расид, соли 2016, дар пайи даргузашти президенти якуми Ӯзбекистон Ислом Каримов ба раҳбарии ин кишвари аз ҳама пураҳолии Осиёи Марказӣ омад. Каримов дар тӯли 27 сол бо як сиёсати шадидтарин бар Ӯзбекистон раҳбарӣ кард ва яке аз диктаторҳои бераҳмтарини ҷаҳони муосир шинохта мешуд.

Вале Мирзиёев, ки ба ҷои ӯ омад, аз идомаи он сиёсати саркӯбгарона даст кашид ва баракс роҳи ислоҳоти фарогирро пеш гирифта, муносибатҳои дар даврони Каримов вайроншударо бо ҳамаи ҳамсояҳо аз нав хуб карда, марзҳои Ӯзбекистонро кушод ва бисёре аз маҳбусонеро, ки барои ақидаҳои динӣ, сиёсӣ ваё барои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон зиндонӣ шуда буданд, озод кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button