БАРХӮРДИ МАРГОВАРИ “МЕРСЕДЕС” БО ТРАКТОР, ҒОРАТГАРӢ ДАР КӮЧАИ ҶОМИИ ПОЙТАХТ ВА МУСОДИРАИ 50 ҲАЗОР “ХЛОПУШКА”

Шаби 3 декабр, соати 00:30, дар роҳи Бохтар – Дӯстӣ бар асари ба як трактори дар канори роҳ барои тармим истода бархӯрдани мошини “Мерседес” мусофири трактор, сокини 29-солаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, як мусофири “Мерседес” маҷруҳ шудааст.
хххххххххххххххх

Сокини 27-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки субҳи барвақти 3 декабр, тахминан соати 04:44 дар кӯчаи А.Ҷомӣ телефони як сокини 29-солаи пойтахтро бо зӯрӣ аз дасташ кашида гирифтааст.

хххххххххххххххх

Аз дохили мошини “Нексия” –и марбут ба ду ҷавони 17 ва 25-сола аз Ҳисор 50 ҳазор дона маводи тарфгарии тамғаи “Трения” мусодира кардаанд.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 05.12. 2022

Ҳалокати мусофири трактор дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

068

3-юми декабри соли 2022, тахминан соати 00:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Эмомқулов Абдусалом Абдуҷалилович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Дӯстӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба трактори тамғаи “МТЗ-82”, таҳти идораи Тоштемиров Абдуназар Амирович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ки дар канори роҳ барои таъмир меистод, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири трактор Утаев Раҳмонқул Раҳматуллоевич, соли тавллудаш 1993, сокини ноҳияи мазкур, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Каримов Манучеҳр Юнусалиевич, соли таваллудаш 1988, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Даст ба ғоратгарӣ задани марди 27-сола

018

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 3-юми декабри соли 2022, тахминан соати 04:44-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи А.Ҷомии пойтахт қарор доштанаш, марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг-А32»-ро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани 2 ҷавон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

022

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 17 ва 25-солаи сокинони шаҳри Ҳисор ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуданд.
Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи тамғаи “Нексия”, ки аз дохили бағоҷ 50 ҳазор дона маводи тарфгарии тамғаи “Трения” дарёфт ва гирифта шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button