Коррупсия

ОШКОР ШУДАНИ ДУЗДИИ 194 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГӢ ДАР ИСФАРА

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷараёни як санҷиши молиявӣ дар  филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара тасарруфи маблағҳо ба андозаи 194 ҳазору 848 сомонӣ, ё тақрибан 19 ҳазор долларро ошкор кардааст. Маркази матбуоти агентӣ рӯзи 29 ноябри соли 2022 дар як иттилоия гуфт, ин маблағҳоро 4 корманди бахши муҳосиботи ин мактаби олӣ аз ҳисоби музди меҳнати кормандон беасос ба кортҳои электронии худ дар “Амонатбонк” интиқол дода, сипас аз они худ кардаанд.

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар шарҳи ин қазия гуфт: “Дар асоси Нақшаи тафтишу санҷишҳои молиявии Агентӣ барои солҳои 2021-2022 филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара мавриди санҷиши молиявӣ қарор дода шуд. Зимни санҷиши ҳисоб ва пардохти музди меҳнати кормандони Донишгоҳ муайян гардид, ки 4 нафар корманди муҳосибот ба кортҳои электронии худ маблағи 194 ҳазору 848 сомониро беасос интиқол дода, баъдан тавассути филиали БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Исфара тасарруф карда гирифтаанд”.

Кай сурат гирифтани ин санҷиш гуфта нашудааст. Агентӣ гуфт, вобаста ба ҳолати мазкур маводи санҷиши молиявӣ барои қабули қарори қонунӣ ба сохторҳои дахлдори Агентӣ пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ба 4  муҳосиби филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара барои тасарруфи маблағҳои ҷаримаи ҳангуфт ва ҳатто ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Онҳо ҳамчунин муваззафанд, ки маблағҳои тасарруфкардаашонро ба хазинаи донишгоҳ баргардонанд.

Сохторҳои маорифи Тоҷикистон яке аз соҳаҳои аз ҳама фасодзада дар ин кишвар ном бурда мешаванд. Худи Тоҷикистон низ дар радифи давлатҳои аз ҳама фасодзадаи дунё қарор дорад ва сокинон мегӯянд, бидуни ришва, ё ба қавли мардум, “гарм кардани дасти масъулон” гирифтани ягон санад ё имзои лозим аз аксари идораҳои давлатӣ тақрибан номумкин шудааст.

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 1990 таъсис ёфтааст. Филиали ин донишгоҳ дар Исфара соли 2005 дар заминаи техникуми технологӣ (баъдан коллеҷи технологӣ)-и Исфара таъсис шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button