Муҳоҷирон

МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 3 МИЛЛИОН РУБЛ АЗ 2 МУСОФИРИ РОҲИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 2 ФУРУДГОҲИ РУСИЯ (2 АКС)

Аз ду мусофире, ки аз Русия ба Тоҷикистон парвоз мекарданд, дар фурудгоҳҳои Петербургу Сургу пули зиёд (дар умум беш аз 3 миллион рубл) пайдо кардаанд. Дар фурудгоҳи Пулково аз як мусофири шаҳрванди Русия 2,5 миллионн рубл (!) ва 285 ҳазор сӯми ӯзбекӣ ёфтаанд. Кормандони боҷхона ҳамин тавр аз бағочи мусофири парвози Сургут — Хуҷанд  580  ҳазор рубл пайдо карда, аз ин маблағ танзо 10 ҳазор рублашро, ки аз меъёр бештар буд, мусодира карда, пулҳои боқимондаи ин мусофирро баргардондаанд. Вале мусофире, ки дар фурудгоҳи Петербург бо дуюним миллион рубл ба даст афтод, метавонад аз маблағи хеле бузургтар маҳрум шавад. Мақомоти Русия нагуфтаанд, ки ӯ шаҳрвандии бумии Русия буд ё аз он зодагони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд?

Бино ба иттилои идораи боҷхона ё гумруки ҳавзаи Шимолу ғарбии Русия, корманди боҷхонаи фурудгоҳи Пулково як шаҳрванди Русияро, ки ба Тоҷикистон парвоз мекард ва мехост аз тарифи роҳрави сабз гузарад, барои тафтиш манъ карда, аз бағочи дастии ӯ бастаҳои зиёди пули нақд: дуюним миллион рубли русӣ ва 285 ҳазор сӯми ӯзбекӣ пайдо кардаанд. Ин нафар ба кормандони боҷхона шарҳ додааст, ки ин пули мошинҳои фурӯхтааш аст ва ӯ намедонист, ки бояд  ҳангоми убури марзи Русия ва Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ЕАЭС) бо худ доштани чунин маблағро дар гумрук расман санад кунад.

Санҷиши ин ҳодиса идома дорад. Нисбат ба мусофири роҳии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Ба ӯ ҷаримаи ҳангуфт бо мусодираи пулҳои аз ӯ гирифташуда таҳдид мекунад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба гузориши хадамоти матбуоти боҷхонаи Тюмен, дар фурудгоҳи шаҳри Сургути ҳавзаи мухтори Хантию Манси (ХМАО Югра) мусофиреро дастгир карданд, ки мехост бо худ 580 ҳазор рублро ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон барад. Аз ин мусофир танҳо 10 ҳазор рубли аз меъёр зиёдашро гирифта, пули боқимондаашро баргардондаанд.

“Кормандони боҷхонаи Тюмен дар бағочи дастии мусофири парвози Сургут — Хуҷанд (Ҷумҳурии Тоҷикистон) 580 ҳазор рубл пули нақд пайдо карданд. Ин мардро дар роҳрави сабх барои тафтиши гумрукӣ манъ карданд. Маблағе, ки ӯ бо худ дошт, аз 10 ҳазор доллари Амрико бештар буд. Фарқ 10 ҳазор рублро ташкил медод” — хабар медиҳад боҷхонаи Тюмен.

Нисбат ба ин мард низ парвандаи маъмурӣ кушодаанд ва парванда алакай ба додгоҳ ирсол шудааст. Маълум нест, ки ин мусофир баъди маҳрум шудан аз 10 ҳазор рубл ба сафараш идома додааст ваё бояд то анҷоми баррасии парвандаш дар Русия бимонад?

Ёдрас мекунем, ки мақомоти Русия баъди шурӯи ҷанги зидди Украина аз кишвар баровардани пули нақд ба маблағи беш аз 10 ҳазор долларро манъ кардаанд. Муҳоҷирони корӣ, ки дар ин шабу рӯз мавсими бозгашташон ба Ватан дар ҳоли авҷ гирифтан аст, бояд ин қоидаро ҳамеша дар ёд дошта бошанд ва пулҳои бо азоб дар Русия коркардаашонро бо роҳҳои амнтари қонунӣ ба Ватан бифиристанд ва бо пули нақди зиёд дар даст  дар фурудгоҳҳо риск накунанд.

Аксҳо аз Идораи боҷхонаи ҳавзаи Шимолу Ғарбии Русия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button