ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

РӮЗҲОИ 4-5 НОЯБР ДАР БАРХЕ ҚИСМАТҲОИ ТОҶИКИСТОН БОРОНУ БАРФИ ТАР МЕБОРАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 4-5-уми ноябри соли 2022 дар қаламрави ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози ВМКБ боронҳои шадид дар назар дошта шудааст. Ин боронҳо дар баъзе ҳолатҳо ба барфи тар табдил мешаванд.

Рӯзҳои 3-5-уми ноябр боронҳои шадид метавонанд сабаби омадани селҳо, резиши санг дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, ҳамчунин қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ шаванд. 

Ҳамчунин дар ин рӯзҳо эҳтимоли баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу ва дарёҳое, ки дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, гардад.

Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро бо роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд кунанд, рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо барои чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, анҷоми корҳои кишоварзӣ, шикор, моҳидорӣ  маслиҳат нест. 

Кумита ҳамчунин аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. 

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад барои пешгирӣ аз вуруди сел ба ҳавливу киштзорҳо  сари вақт селроҳаҳо ва ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button