ВидеоМинтақа ва ҷаҳонХабарҳои кӯтоҳ

ГУЗАРГОҲИ ҶАРТЕППА ДАР МАРЗИ ӮЗБЕКИСТОН БО ТОҶИКИСТОН ЯК ҲАФТА БАСТА МЕШАВАД

Гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппаи Ӯзбекистон, ки дар рӯбарӯи гузаргоҳи Саразми Тоҷикистон, дар марзи ноҳияи Ургути ноҳияи Самарқанд бо ҷамоати Саразми Панҷакент ҷойгир шудааст, аз 5 то 12 ноябри соли 2022 муваққатан баста мешавад. Сокинони Тоҷикистон барои сафар ба шаҳри таърихии Самарқанд асосан аз ҳамин гузаргоҳҳои Саразм ва Ҷартеппа истифода мебурданд.

 Боҷхонаи вилояти Самарқанд хабар дод, ки ба хотири муҳайё сохтани шароити хубтар ва ободонӣ биноҳои гузаргоҳи Ҷартеппа тармими асосӣ хоҳанд шуд ва ба ҳамин далел аз 5 то 12 ноябр равуои шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт тавассути ин гузаргоҳ маҳдуд карда мешавад.

Дар нимаи аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ низ гузаргоҳи Ҷартеппа барои 11 рӯз: аз 5 то 16 сентябр баста шуда буд, вале он дафъа ба далели нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки имсол дар Самарқанд баргузор шуд.

Маҳдудиятҳои ҷоришуда дар гузаргоҳи Ҷартеппа чанд мавриди истисноӣ дошта, дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:

➡️ба кормандони ташкилотҳои дипломатӣ ва байналмилалӣ;

➡️ба шахсоне, ки ба ҳайатҳои расмӣ (ҳукуматӣ) дохил мешаванд;

➡️ба кормандони ташкилотҳои хориҷӣ, ки дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолият мекунанд;

➡️ба ронандагоне, ки ба ҳамлу нақли байналмилалии бор машғуланд;

➡️ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ӯзбекистон доимӣ зиндагӣ мекунанд;

➡️ба шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунанд;

➡️ба шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки ба ватанашон бармегарданд;

➡️ ба шаҳрвандони кишвари сеюм, ки ба Тоҷикистон мераванд.

Равуои озоди шаҳрвандон байни Ӯзбекистону Тоҷикистон танҳо баъди даргузашти президенти қаблии Ӯзбекистон Ислом Каримов а ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, ки аҷдодаш аз деҳаи Яқтони ноҳияи Деваштичи Тоҷикистонанд, имконпазир шуд.  То соли 2018 байни ду кишвар режими виза амал мекард ва аксари гузаргоҳҳои марзӣ баста буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button