ЯК НАВРАСИ 13-СОЛА АЗ ПАНҶАКЕНТ ҲАНГОМИ ОББОЗӢ ДАР ДАРЁИ ЗАРАФШОН ҒАРҚ ШУДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 26 сентябри соли 2022 дар бораи ғарқ шудани боз як наврас, ин бор дар Панҷакент хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 24 сентябр, тақрибан соати 12:00, як навраси 13-сола аз деҳаи Кошонаи ҷамоати Рӯдакӣ дар канори шаҳри Панҷакент ба сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар дарёи Зарафшон ғарқ шудааст.

Баъди гирифтани хабари ин ҳодисаи нохуш, гуруҳи наҷотбахшони навбатдори шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи минтақаи Зарафшон ба ҷои ҳодиса рафта, амалиёти ҷустуҷӯ ва тафтиши соҳили дарёро ба роҳ андохтаанд. Дар натиҷа, субҳи 25 сентябр, соати 09:00 ба наҷотбахшон муяссар шуд, ки ҷасади наврасро пайдо карда, аз дарё берун бикашанд. Гуфта мешавад, ки ҷасадро ба мақомоти марбути шаҳри Панҷакент супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар робита ба ин ҳодиса бори дигар ба волидон муроҷиат карда, қатъан хостааст, то ба фарзандони худ бифаҳмонанд, ки мавсими оббозӣ алакай ба поён расидааст ва риоя накардани қоидаҳои  бехатарӣ метавонад ба чунин фоҷиаҳо биорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  қаблан аз ғарқ шудани боз як наврас дар ҷануби ҷумҳурӣ хабар дода буд. Гуфта мешуд, як сокини 16-солаи ҷамоати деҳоти Пахтакори ноҳияи Шаҳритӯс рӯзи 20-уми сентябр аз хона баромада дигар барнагаштааст. Як рӯз пас бародараш аз соҳили дарёи Кофарниҳон сару либос ва пойафзолашро пайдо кардааст. Тахмин зада мешуд, ки ӯ дар оби пуршӯри дарё ғарқ шудааст.

Рӯзи 22-уми сентябр, соати 10:00 пас аз ду рӯзи ҷустуҷӯ кормандони КҲФ ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ ҷасади писари ноболиғро пайдо карда, ба волидонаш супурдаанд.

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тайи 7 моҳи соли 2022 дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷикистон алакай 123 нафар, аз ҷумла 64 ноболиғи синнашон то 16 ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 кӯдак ғарқ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button