ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҶАНУБ ВА ШИМОЛИ ТОҶИКИСТОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи ду садамаи марговари рӯзҳои 18-19 сентябр рухдода дар ҷануб ва шимоли ҷумҳурӣ хабар дод.

Аз ҷумла шоми 18-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 19:55, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Шарипов Маҳмадсаид Латифович, соли таваллудаш 1984 сокини ноҳияи Шаҳритӯс, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Н.Хусрав ба самти ноҳияи Шаҳритӯс, дар ҳудуди деҳаи Комсомоли н.Н.Хусрав, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба теппаи хокӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа, худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, 19-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 12:00, ронандаи мошини тамғаи «Мазда-6», Исматов Зафарҷон Бобоҷонович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Расулов, ноболиғ Эшназарова Ҳалимахон Илҳомҷоновна, соли таваллудаш 2011, сокини ноӽияи мазкурро, ки аз тарафи рост ба чапи роҳ мегузашт, пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Эшназарова Ҳ.И. ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳолатҳо таҳқиқот идома дорад.
БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button