ВидеоҶомеа

РОНАНДАИ АВБОШРО ҲАМ АЗ КОР РОНДАНД, ҲАМ 7 РӮЗ ҲАБС КАРДАНД (ВИДЕО)

 Иззатулло Бобоев, ронандаи 39солаи автобуси №43, ки рӯзи 14 сентябри соли 2022 дар пайи бадрафторӣ нисбат ба як мусофир аз кор ронда шуд, ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия дастгир ва бо қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.

Раёсати ВКД дар ш. Душанбе дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки Бобоев Алишер Иззатуллоевич, санаи таваллудаш 04.03.1983, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Борбад, ронандаи автобуси хатсайри №43, рақами қайди давлатиаш 9951ТТ05, аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе барои бадрафторӣ бо мусофирон дастгир карда шуд.

Санаи 14-уми сентябри соли ҷорӣ навори лаҳзаи дағалрафтории номбурда бо мусофирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, ки мавриди вокунишҳои шадиди шаҳрвандон қарор гирифт.

Зимни санҷиш муайян гардидааст, ки ҳодисаи мазкур санаи 13-уми сентябр тақрибан соати 11:30 дақиқа рух додааст.  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Бобоев Алишер тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ нисбати номбурда ҷазо дар намудаи ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин карда шуд.

Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 14 сентябри соли 2022 дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ як видеои аз ҳама пурсарусадо видео бадрафтории ронандаи автобуси хатсайри №43 шуд. Дар видеое, ки канали Parviz TV нашр кард, дида мешуд, ки ронанда чандин бор автобуси пур аз мусофирро бо суръати тунд ронда, якбора тормозро зер мекард, ки дар натиҷа чанд зану кӯдак рӯи фарши автобус афтоданд. Яке аз мусофирон ба ронанда эрод гирифт, ки “оромтар ронед, охир одам бурда истодаед”. Вале ронанда аз ин эрод ба хашм омада, ба сари он мусофир мушт бардошт ва аз гиребонаш гирифту таҳдид кард, ки “ҳоло ҳамаатро футбол мекунам!”

Бисёрии корбарон дар зери ин видео рафтори ронандаи автобусро ғайри қобили қабул ва ғайри қобили таҳаммул номида, аз мақомот хостанд, то нисбат ба ӯ чора бияндешанд.

Алакай соате баъди нашри ин видео, шоми 14 сентябр муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” (Мдк Душанбенаклиётхадамотрасон) дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки ронандаи дағалрафтори автобус ҷазояшро гирифт.

Дар пайи нашри ин видео муовини раиси шаҳри Душанбе, ки сарпарасти соҳаи наклиёт аст, ба роҳбарони сохторҳои дахлдор ва директори ККВД “Автобус-3” супориш додаааст, то ки нисбат ба ронанда чораҳои дахлдор андешиданд. Дар робита ба ҳодисаи мазкур дар ККВД “Автобус-3” бо иштироки мудири ин корхона ва мудири МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” ва ҳайъати кормандони корхона ҷаласаи фаврии интизомӣ доир кардаанд.

Бино ба иттилои муассисаи нақлиётӣ, ҳангоми баррасӣ муайян карда шудааст, ки ронандае, ки ба хато роҳ дода, бо мусофирон дағалона рафтор намудааст, ронандаи хатсайри автобусии №43, рақами қайди давлатиаш 99 51 ТТ 05, Бобоев Алишер Изатуллоевич мебошад. Ин ронанда собиқаи кории 5-сола доштааст.

“Аз ҷониби комиссияи интизомӣ ҳолати баамаломада мавриди баррасӣ карор дода шуда,  дар асоси моддаи 42 к 17-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ронанда Бобоев Алишер Изатулоевич аз кор озод карда шуд”, – хабар дод “Душанбенақлиётхадамотрасон”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button