ҲАЛОКАТИ ДУ РОНАНДА ДАР ДУ САДАМА ДАР ДАНҒАРА ВА ВАРЗОБ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи15-уми сентябри соли 2022 дар ду садама дар ноҳияҳои Дағара ва Варзоб ду ронанда, ки яке 41 ва дуюмӣ 45 сол доштанд, ҷон бохтаанд.

Аз ҷумла 15-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 17:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-СИЕЛО”, Қурбонов Рамазон Холмуродович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Кароматуллои Муродзода, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Данғара, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-СИЕЛО”, Қурбонов Р.Х. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
15-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 11:20, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Низомиддинов Низомиддин Қиёмиддинович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Чанок” дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Мирзоев Баҳодур Ҷабборович, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Варзоб, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Мирзоев Б.Ҷ. ва мусофири дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира» Миралиева Саодат, соли таваллудаш 1965, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира” дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button