ДУ КӮДАКИ БЕПАРАСТОРИ ТОҶИКРО АЗ РУСИЯ БА ВАТАН БАРГАРДОНДАНД

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифааш дар Фейсбук дар бораи аз Русия ба Ватан баргардондани ду кӯдаки  тоҷик хабар дод.

Дар иттилоияи расмии сафорат гуфта мешавад, ки рӯзи 15 сентябри соли 2022 бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тураева Фараноз Хабибуллоевна ва Крутских Марям Саидмуминовна, ки дар Русия бепарастор монда буданд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.

Сафорат гуфт, Марям ва Фараноз тибқи Созишномаи Кишинёв оид ба ҳамкории давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вобаста ба баргардонидани шаҳрвандони ноболиғ аз 07.10.2002 ба Ватан баргардонда шуданд.

Дар бораи ин ки  ин ду кӯдак ба чӣ сабабе дар Русия бепарастор монда буданд, ягон шарҳе дода нашудааст.

Сафорат зикр кардааст, ки  дар соли ҷорӣ, 14 шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд.

Бисёре аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо занони маҳаллӣ ваё бо шаҳрвандони кишварҳои дигар издивоҷ карда, аз онҳо соҳиби фарзанд мешаванд. Вале бино бар вуҷуди мушкилоти зиёди ҳуқуқӣ, дар бархе мавридҳо падарони тоҷик аз ҳақ ва имкони нигоҳубини фарзандони худ маҳрум мешаванд ва ин тифлон ё дар дасти модарони русашон мемонанд ваё ба ятимхона меафтанд.

Ахиран як зану шавҳар аз Тоҷикистон тавонист тавассути додгоҳи Иркутск фарзанди алакай панҷсолаашонро баргардонанд. Ин кӯдакро соли 2017 билофосила баъди таваллуд шуданаш аз дасти падару модари тоҷикаш гирифта, ба як оилаи бефарзанд ба фарзандӣ дода буданд. Вақте ки падару модари тоҷик барои баргардондани фарзанди худ талош карданд, ҳардуи онҳоро аз Русия ихроҷ карданд. Вале онҳо тавонистанд, ки баргарданд ва бо кумаки консулгарии Тоҷикистон дар Новосибирск ва ҷамъияти тоҷикони Иркутся духтарчаи худро пас бигиранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button