ПАРВИЗ ҒОИБНАЗАРОВ – ДӮСТИ НАЗДИКИ ГУЛБИДДИН ЗИЁБЕКОВ БА 18 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Парвиз Ғоибназаров, зодаи деҳаи Риҷисти ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) аз ҷониби як додгоҳ дар Душанбе ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора рӯзи 7 сентябри соли 2022 дар Фейсбук журналисти мустақил Aнора Саркорова, ки асосан рӯйдодҳои марбут ба Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод.

Бино ба иттилои Саркорова, кормандони пулиси Русия Парвиз Ғоибназаровро моҳи августи соли ҷорӣ дар назди хонааш дар Маскав вақте дастгир карданд, ки ба ҷои кораш мерафт. Ӯро хеле зуд, бидуни риояи талаботи қонунҳои истирдод ба мақомоти Тоҷикистон супурданд.

Анора Саркорова менависад, ки касе аз хешу таборашро дар бораи истирдоди ӯ аз Маскав ба Душанбе ва ҳамин тавр, дар бораи ин ки  ӯ ба чӣ айбдор мешавад?, дар ҷараён нагузоштаанд. Тафтиши парванда ва мурофиаи додгоҳии Ғоибназаров, мисли даҳҳо парвандаҳои дигари зодагони Бадахшон пушти дарҳои баста ва бидуни иштироки адвокат сурат гирифтааст.

Парвиз Ғоибназаров аз дӯстони наздики сокини 29солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ба шумор мерафт. Марги мармузи ин лидери ғайрирасмӣ ва варзишгар ҳамагӣ чанд соат баъди боздошташ дар санаи 25 ноябри соли 2021 боиси  бузургтарин мавҷи эътирозҳои солҳои охир дар Хоруғ гардид.

Манобеи огоҳ ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки Парвиз Ғоибназаров ба иштирок дар қазияи машҳури, ба гуфтаи мақомот, “боздошти худсарона” ва гӯё латтукӯбу таҳқири ёрдамчии додситони ноҳияи Роштқалъа Абдусаттор Абирзода айбдор мешуд.

 Он вақт як духтар аз ноҳияи Роштқалъа шикоят карда буд, ки Абирзода нисбат ба вай муносибати ноҷо ва пешниҳоди робитаҳои ошиқона кардааст. Як гуруҳи ҷавонони маҳаллӣ ба раҳбарии Гулбиддин Зиёбеков ёрдамчии прокурорро барои “разбор” оварданд ва баъди чанд соати “суҳбат” Абирзода дар як муроҷиатномаи видеоӣ аз мардуми Бадахшон узр пурсид ва қасам хӯрд, ки дигар ҳеҷ гоҳ даст ба чунин рафтор нахоҳад зад.

Он вақт бо миёнаравии раиси вақти вилоят Ёдгор Файзов ин қазия ба сурати сулҳомез ҳаллу фасл шуд ва Абирзодаро ба дигар ҷой ба кор гузаронданд. Вале баъдан маълум шуд, ки мақомот дар робита ба ин қазия бо иттиҳоми боздошти худсарона ва латтукӯбу таҳқири намояндаи давлат парванда кушодаанд. Тафтиши ин парванда бо боздошту ҳалокати Зиёбеков ва буҳрони амиқе мунҷар шуд, ки дар Бадахшон беш аз ним сол идома ёфт

Моҳи майи соли 2022 бошад, мақомоти Тоҷикистон мавҷи нави эътирозҳоро дар Бадахшон бо истифода аз нирӯҳои вижаи мусаллаҳ саркӯб карданд. Ҳудуди 40 нафар кушта ва тақрибан 200 тан аз зодагони Бадахшон боздошт шуданд.  Алакай даҳҳо тан аз ин дастгиршудаҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Тафтишу мурофиаи парвандаҳои аксари онҳо пушти дарҳои баста сурат гирифта, аксари онҳо имкони дастрасӣ ба адвокат надоштанд. Анора Саркорова менависад, бисёре аз вакилони мудофеъ дар Тоҷикистон аз тарси аз даст додани иҷозатномаи адвокатиашон аз ба дӯши худ гирифтани парвандаҳои зодагони Бадахшон парҳез мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button