“АЗ КӮЧАВУ ХОНА КАШИДА МЕБАРАНД.” МАНОБЕЪ: ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 100 ПАНОҲҶӮИ АФҒОНРО РОНДААСТ

Радиои Озодӣ

Манобеи муътамади Радиои Озодӣ гуфтанд, дар рӯзҳои охир беш аз 100 муҳоҷири афғонистонӣ маҷбуран аз Тоҷикистон берун карда шудаанд. Муҳоҷирони афғонистонӣ мегӯянд, онҳоро аз кӯча ё аз хона гирифта, бе қарори додгоҳ аз Тоҷикистон меронанд. Мақомоти Тоҷикистон шарҳе намедиҳанд.

“Рӯзи шанбе 22 нафарро берун карданд”

Як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 5-уми сентябр ба шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳисоби онҳо “беш аз 100 муҳоҷири афғонистонӣ дар рӯзҳои охир аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд”. Манбаъ афзуд, ин ҳисоби ҳадди ақал аст ва теъдоди воқеии ихроҷшудагон метавонад зиёдтар бошад.

“Фақат рӯзи шанбе 22 нафарро ихроҷ карданд. Мақомот ба мо ягон маълумот намедиҳанд ва намегӯянд, ки сабаби ихроҷи пайиҳами шаҳрвандони Афғонистон чист. Ному насаби ихроҷшудаҳо ва омори умумиро аз мо пинҳон мекунанд,” — афзуд як масъули кор бо паноҳандагони афғонистонӣ.

Кӯшишҳои зиёди мо барои суҳбат бо мақомот бенатиҷа буд. Паноҳандагони афғонистонӣ мегӯянд, онҳоро асосан “маъмурони пулис ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт карда, ба марз мебаранд ва аз онҷо ба Афғонистон мегузаронанд.”

Паноҳҷӯёни афғонистонӣ бештар дар шаҳри Ваҳдат, наздикии Душанбе, ҷойгир шудаанд
Паноҳҷӯёни афғонистонӣ бештар дар шаҳри Ваҳдат, наздикии Душанбе, ҷойгир шудаанд

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ дар миёни муҳоҷирони афғонистонӣ як нафарашон корти гурезагии Созмони Милалро доштааст.

Бар асоси қонунҳои байнулмилалӣ ихроҷи чунин афрод ба кишваре, ки ҷонашон дар хатар аст, манъ мебошад. Комиссариати олии Созмони Милал рӯзи 25-уми августи имсол дар баёнияе аз ихроҷи паноҳандагони афғонистонӣ нигаронӣ кард ва аз мақомот хост, ба ин кор поён диҳанд. Мақомот ба ин дархости Созмони Милал то ҳол посух надодаанд.

Зевди ба Женева рафтааст

Тибқи иттилои дарёфтӣ, Мулугета Зевди, раҳбари намояндагии Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон ба Женева рафтааст. Як масъули намояндагии СММ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба эҳтимоли зиёд, ҷаноби Зевди масъалаи ихроҷи паноҳандагони афғонистониро аз Тоҷикистон бо Комиссариати олии ҳуқуқи башари СММ аз наздик дар миён хоҳад гузошт.

Баъзе аз муҳоҷирони афғонистонӣ мегӯянд, онҳоро аз кӯча ва аз хона кашида ба марз мебаранд. “Тамоми мо, афғонҳо, корти гурезагӣ дорем ва дар Созмони Милал сабт ҳастем. Агар ба Афғонистон баргардем, ҷони мо дар хатар аст, чун кормандони ҳукумати пешин ҳастем,” – гуфтааст як муҳоҷири афғонистонӣ ба шабакаи “Афғонистон интернешнл”.

Дар Тоҷикистон тақрибан 10 ҳазор шаҳрванди Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо мегӯянд, аз тарси Толибон ба Тоҷикистон фирор кардаанд. Ин гуруҳи тундрав як сол боз дар Афғонистон ҳукумат мекунад ва ба нақзи ҳуқуқи одамон, ба вижа занону духтарон, муттаҳам аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button