ОҒОЗИ МУРОФИАИ УМЕДҶОН ҶАББОРОВ БАРОИ ҒОРАТИ 100 МИЛЛИОН РУБЛ

Додгоҳи шаҳри Наро-Фомински вилояти Маскави Русия рӯзи 23 августи соли 2022 ба баррасии парвандаи ҷиноятии ҷавони 27-солаи зодаи деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштичи вилояти Суғди Тоҷикистон Умедҷон Ҷабборов оғоз кард. Ҷабборов ба даст доштан дар ғорати қариб 100 миллион рубл пули нақд аз Марина Градская (Коташенко), ҳамсари овозхони фақиди рус Александр Градский айбдор мешавад.

Хабарнигори  Business FM аз толори додгоҳ хабар дод, ки баъди қироати айбнома аз сӯи айбдоркунандаи давлатӣ, Умедҷон Ҷабборов гуфт, айбномаашро танҳо қисман эътироф мекунад. Ӯ гуфт, ки шариконаш ӯро барои ташкили садамаи бардурӯғ (автоподстава) ҷалб карда буданд ва ӯ розӣ нест, ки кирдораш бар асоси қисми чоруми моддаи 162 Кодекси ҷиноятии Русия ҳамчун роҳзании гуруҳӣ ба маблағи бузург таъбир  ва арзёбӣ шавад.

 “Айбнома бароям фаҳмост, вале ман  бо таъбири роҳзанӣ розӣ нестам. Ман худам ҳайрон шуда будам. Мо чунин маслиҳат надоштем. Ман намедонистам, ки онҷо роҳзанӣ мешавад. Аз ман фақат хоста буданд, ки нақш иҷро кунам, автоподстава мешавад”, — гуфтааст Ҷабборов дар додгоҳ. Ӯ гуфт, инро ҳам намедонист, ки шариконаш бо худ силоҳ гирифтаанд. Қаблан адвокати ӯ Игор Чевичалов гуфта буд, ки Умедҷон Ҷабборов даст доштани худ дар ин ҷиноятро  пурра ба гардан гирифта, гуфтааст, ки “мехост камтар пул кор кунад”.

Ба дунболи Ҷабборов, додгоҳ ҷабрдида Марина Градскаяро бозпурсӣ кардааст. Адвокати ӯ Андрей Егоров аз додгоҳ хостааст, ки бозпурсии муваккилаш ба сурати пӯшида доир шавад. Марина Градская дар баёноташ дар додгоҳ гуфтааст, ки ҳамлагарон мусаллаҳ буданд ва ӯро латтукӯб ҳам карданд.

Ҷаласаи навбатии додгоҳӣ рӯзи 9 сентябр доир мешавад.

Александр Градский, овозхон ва оҳангсози шинохтаи рус рӯзи 28 ноябри соли 2021 дар синни 72 аз олам чашм пӯшид.  Ҳанӯз ду моҳ аз марги ӯ нагузашта, ҳамсараш Марина Градская, ки 37 сол дорад, рӯзи 16 январи соли 2022, дар наздикии хонаашон дар деҳаи Мишуткинои ҳавзаи Наро-Фоминск ҳадафи ҳамлаи ғоратгарон қарор гирифт.

Дар километри 255-уми ҳалқароҳи марказӣ (ЦКАД) дар гардиҳи деҳаи Жёдочи  дар шоҳроҳи М3 “Украина” як мошини “Merсedes” ба қисмати қафои мошини “Lexus”и Градская бархӯрд. Дар сари фармони “Merсedes” Умедҷон Ҷабборов ва дар бараш яке аз шариконаш нишаста буд. Баъди ин садамаи бардурӯғ боз ду иштирокчии дигари ин нақшаи ҷиноятӣ Иброҳим Халилов ва Аминҷон Ғаффоров бо мошини “Skoda Octavia” расида омаданд ва бо таҳдиди куштан Градская маҷбур карданд, ки онҳоро ба хонааш бурда, тамоми пулҳояшро бароварда диҳад. Градская 104 миллиону 170 ҳазор рубл (57 миллион бо рубли русӣ, 290 ҳазор доллар ва 290 ҳазор евро) пули нақдеро, ки дар хона дар зери кати хоб дар ҷомадон пинҳон карда буданд, бароварда, ба ғоратгарон додааст. Ба гуфтаи айбдоркунандаи давлатӣ, ғоратгарон ҳам ба навбати худ “олиҳимматӣ” нишон дода, 5 миллион рубл аз ин пулро ба Марина Градская баргардондаанд ва  гуфтаанд, “бо ин пул кайф карда, зиндагӣ кун!”

Баъди ба даст овардани чунин ғанимати бузург, ғоратгарон ба ҳар тараф фирор кардаанд. “МК” навишта буд, ки онҳо ба Тоҷикистон ва Беларус гурехтаанд. Вале “Известия” хабартдода буд, ки яке аз ғоратгарон ба Туркия фирор кардааст. Пулҳоро ғоратшударо то ҳол наёфтаанд.

Гуфта мешуд, ки ҳамлагарон баъди ғорати 100 миллион рубл, пулро байни худ тақсим кардаанд ва аз ҷумла ба Умед ҳудуди 10 миллион рубл додаанд. Ӯ ба 2 миллион рубл аз ин пул зуд модели охирини мошини “Тойота Кемри”-ро харида, кӯшиши фирор ба Тоҷикистонро кардааст. Умед ба ин мақсад ҳатто то вилояти Самара рафтааст, вале аз марзи Русия бо Қазоқистон гузашта натавониста, ба Маскав баргаштааст, то касеро пайдо кунад, ки ӯро аз марз гузаронда тавонад. Вале шоми 25 январ Умедҷон Ҷабборов тавассути барномаи шиносоии қиёфаҳо дар истгоҳи метрои “Менделеевская” мушоҳида карда, дар ҳамонҷо дастгир кардаанд.

Акнун ба вай аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button