МУҶОЗОТИ МАСЪУЛОНИ АВТОМОЙКА ВА ДӮКОНИ ТАНӮРФУРӮШӢ ВА ХУДТАНЗИМКУНИИ ЯК РОНАНДА ДАР ДУШАНБЕ

Дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе нисбат ба масъулони нуқтаи шустушӯи мошинҳо ва дӯкони фурӯши танӯрҳои нонпазиро, ки яке мошинҳои муштариёнашро  ва дуюмӣ танӯрҳояшро дар роҳи пиёдагард гузошта, ба равуои мардум халал мерасонданд, протокол тартиб дода, ҳардуро огоҳӣ додаанд, ки минбаъд дигар чунин хунукназарӣ накунанд.

хххххххххххххх

Баъди шунидани хабари муҷозоти як ронанда барои бо плёнкаҳои махсус рӯйпӯш кардани мошинаш, як сокини пойтахт худаш мустақилона рӯйпӯши мошини тамғаи “Мерседес”ашро канда, аксу наворҳояшро ба РВКД фиристодааст ва аз ронандагони дигар низ хостааст, ки аз чорчӯби қонун  берун пой нагузоранд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 23 августи маркази матбуоти РВКД Душанбе

Вокуниш ба муроҷиати электронии шаҳрванд

Вокуниш ба муроҷиати электронии шаҳрванд

  Як нафар истифодабарандаи фаъоли шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» бо нашри як адад расм аз мақомоти милитсия хоҳиш намудааст, ки нисбати масъулони нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт ва дукони фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум, воқеъ дар маҳаллаи Гипрозем чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
  Чуноне дар расми нашрнамудаи шаҳрванд дида мешавад, мизоҷони нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт, аз хунукназарии масъулони нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт истифода бурда, автомашинаҳои худро дар байни роҳи пиёдагард гузоштаанд. Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Холматов Муҳаммадӣ Орифҷонович, санаи таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, масъули (администратор) нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт буда, зимни пешбурди фаъолияти корӣ ба хунукназарӣ роҳ додааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати назорабарии ҳамаҷонибаи мизоҷони худ ва минбаъд роҳ надодан ба чунин хунукназарӣ ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.
  Ҳамзамон муайян гардид, ки фурӯшандаи мағозаи маҳсулоти ниёзи мардум, шаҳрванд Раҷабов Ҷамшед Носирович, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, танурҳои худро дар ду канори роҳи пиёдагард гузошта, дар баробари коста гардонидани ҳусни атроф, ҳамзамон бо ин амали худ ба ҳаракати шаҳрвандон халал ворид сохтааст.
  Нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 640-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои савдо дар ҷойҳои муқаррарнашуда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардид.


  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли соҳибмулкони мағозаву марказҳои хизматрасонӣ тақозо менамояд, ки талаботи қонунгузорӣ ва одоби шаҳрдориро риоя намуда, бо амалу рафтори номуносиби худ боиси халалдор сохтани тартибот ва коста гардонидани ҳусни пойтахт нагарданд.

Худтанзимкунии ронанда: таъсири нашри хабару иттилоот оид ба қоидавайронкунии ронандагон

Худтанзимкунии ронанда: таъсири нашри хабару иттилоот оид ба қоидавайронкунии ронандагон

Чоп шуд аз тарафи dushanbepolice дар санаи 20.08.22 0 Comment

  Яке аз принсип ва вазифаҳои асосии фаъолияти мақомоти милитсия, ин пеш аз ҳама пешгирии қонуншиканӣ ва ҳама гуна амалу кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ мебошад, ки ин дар натиҷаи рейду амалиётҳои профилактикӣ, нашри хабару иттилоот тариқи Васоити ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ, ҳамзамон бевосита зимни пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ карда мешавад.
  Воқеан баъзе аз шаҳрвандон аз надонистани қонун даст ба кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ мезананд, ки дар натиҷаи пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ маърифати ҳуқуқии худро ғанӣ сохта, минбаъд аз кирдорҳои хилофи қонун даст мекашанд.
  Аз ҷумла, чанде пеш тариқи сомонаи расмии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва шабакаҳои иҷтимоӣ, оид ба рӯйпуш намудани автомашина бо плёнкаи махсус хабаре нашр гардида, оид ба мамнуъ будани ин кирдор соҳибмулкони автомашинаҳо огоҳонида шуда буданд. Бо мушоҳидаи ин ҳолат, як нафар соҳибмулки автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», ки айнан бо чунин плиёнка нақлиёти худро рӯйпуш намуда буд, ғайриқонунӣ будани кирдори худро дарк намуда, бо хоҳиши худ ҳолати қоидавайронкуниро бартараф намудааст.


  Номбурда ҳамзамон ҳангоми бартарафсозӣ ва канда гирифтани плиёнкаро ба навор гирифта, тариқи шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» ба суроғаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намуда, аз дигар ронандагон хоҳиш намудааст, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври қатъӣ риоя намоянд.
  Вобаста ба ин роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе расман ба ин шаҳрванд изҳори сипос намуда, таъкид менамояд, ки риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ барои ҳамагон ҳатмӣ буда, пеш аз ҳама ин нишондиҳандаи сатҳи маърифатнокии ҳар як шаҳрванд мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button