ҶАНГ БАРОИ ШИРИНМИЯ ДАР ҶАЗИРАИ АРАЛ ПАЙҒАМБАР: БОЗДОШТИ 24 СИЛОҲБАДАСТИ АФҒОН

Қӯшунҳои марзбонии Ӯзбекистон дар канали худ дар Телеграм дар бораи як задухӯрди мусаллаҳона бо гуруҳи силоҳбадастони афғон дар ҷазираи Арал Пайғамбар (Пайғамбар Оролӣ), дар марзи вилояти Сурхондарё бо Афғонистон ва боздошти 24 марзшикан хабар доданд.

Бино ба иттилои марзбонҳои ӯзбек, рӯзи 21 августи соли 2022 як гуруҳи шаҳрвандони Афғонистон марзи давлатиро шикаста, бо қаиқҳо ба ҷазираи Арал Пайғамбари вилояти Сурхондарё даромадаанд. Онҳо ба гуруҳи марзбонҳои ӯзбек, ки баъди мушоҳида кардани ин ҳолати марзшиканӣ ба ҷои ҳодиса омаданд, муқовимат нишондаанд.

“Бо шарофати амалиёти анҷомшуда, ҳамаи марзшиканҳо (дар маҷмӯъ 24 нафар) бо мақсади муайян кардани шахсияташон ва анҷоми чорабиниҳои тафтишотӣ дастгир гардиданд. Дар рафти пурсуҷӯ маълум шуд, ки сабаби марзро убур кардани онҳо ҷамъоварии қизилмия ном растанӣ будааст, ки дар марзи Ӯзбекистон зиёд мерӯяд”.

Қизилмия ё ширинмия ё ширинбия як навъи растании шифобахш аст, ки ба мисли шираи камол барои таҳияи дорувор зиёд истифода мешавад ва як ашёи хоми гаронбаҳо барои саноати дорусозӣ ба шумор меравад.

Қӯшунҳои марзбонии Ӯзбекистон дар изҳороти худ меафзояд, ки “дар ҳоли ҳозир, қаламрави ҷазираи Арал Пайғамбар таҳти назорати пурраи нирӯҳои Ӯзбекистон қарор дорад”.

Ҷазира Арал Пайғамбар  дар масоҳати тақрибан 30 километри мураббаъ дар дарёи Амӯдарё дар марзи вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон бо Афғонистон ҷойгир шудааст. Дар ин ҷазира мазори як шахсияти ривоятие бо номи Зул-Қифла ҷойгир шудааст, ки аз мазор ва масҷид иборат буда, то солҳои 50-уми асри гузашта яке аз зиёратоҳҳои машҳур дар ин минтақа ба шумор мерафт. Он вақтҳо дар ин ҷазира дар як деҳа сокинон низ зиндагӣ мекарданд. Солҳои 60 дар ҷазираи Арал Пайғамбар мамнӯъгоҳ ташкил шуд, ки ҳоло бахше аз мамнӯъгоҳи Сурхон аст. Ҳоло дар ҷазира як дидбонгоҳи қӯшунҳои марзбонии Ӯзбекистон ҷойгир шудааст.

Ӯзбекистон бо Афғонистон ҳамагӣ 144 километр марзи мустақим дорад, ки бар рӯи Амӯдарё мегузарад. Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ байни шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон ва Хайратони Афғонистон пули бузурге сохта шуда буд, ки “Пули Дӯстӣ” номаш карда буданд. Ин пул то ҳол бузургтарин пули иртибототӣ дар марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, моҳи августи соли 2021 ҳукуматро дар Афғонистон дубора ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон ба даст оварданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button