ДИДБОНИ ҲУҚУҚИ ИНСОН: ДОДГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН МИСЛИ КОНВЕЙЕР ЭЪТИРОЗГАРОНИ ПОМИРРО РАВОНАИ ЗИНДОН МЕКУНАНД

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Ҳюман Райтс Вотч (Human Rights Watch, HRW) рӯзи 23 августи соли 2022 дар як изҳорот гуфт, додгоҳҳои Тоҷикистон  ба конвейере табдил ёфтаанд, ки эътирозгарон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бидуни муҳокимаҳои одилонаи парвандаҳояшон маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон мекунанд. Ба ақидаи ҳомиёни ҳуқуқ, беш аз 200 зодаи ин вилоят, ки баъди эътирозҳои моҳи май дастгир шуданд, ба таҳдиди маҳкумият дар додгоҳҳои ноодилонаи пушти дарҳои баста рӯбарӯ шудаанд. Дар ҳоде ки ба онҳо иттиҳомоти ҷиддӣ эълон шудааст, зодагони Бадахшон аз ҳаққи дастрасӣ ба адвокат ва дигар ҳуқуқи худ ба мурофиаи одилона маҳрум карда шудаанд, –  гуфта мешавад дар изҳорот.

Бино ба иттилои ин созмон, мақомоти Тоҷикистон дар пайи саркӯби эътирозҳои моҳи май беш аз 200 нафар аз сокинону зодагони Бадахшон, аз ҷумла дастикам 90 тан аз фаъолонро дастгир карданд. Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, дар ин вилояти дурдасти кӯҳистонӣ помириҳо ба сар мебаранд, як ақалияти қавмию диние, ки ҳукумат солҳо боз онҳоро таҳти табъиз қарор додааст.

“Даҳҳо тан аз фаъолон ва дигар намояндагони ақалияти помирӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мурофиаҳои додгоҳии ноодилонаи пушти дарҳои баста ва бидуни дастрасӣ ба адвокат рӯбарӯ шудаанд ”, – мегӯяд Синат Султоналиева, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар Ҳюман Райтс Вотч. “Бидуни адвокат айбдошавандаҳо наметавонанд ба муҳокимаи одилонаи парвандаҳояшон дар додгоҳҳо ноил шаванд ва ба хатари зиёди шиканҷа ва дигар намудҳои бадрафторӣ рӯбарӯ ҳастанд”.

Ҳомиёни ҳуқуқ ёдовар шудаанд, ки Тоҷикистон соли 1999 ба Паймони байналмилалии ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пайвастааст ва ин паймон кафолат медиҳад, ки ҳар айбдоршаванда ҳуқуқи мурофиаи одилонаи парвандааш, дастрасӣ ба адвокат ва вақти кофӣ барои омӯзиши иттиҳомоти ба зиддаш эълоншуда ва ҷамъоварии далелҳо барои ҳимоят аз худашро бояд дошта бошад.

Аммо дар Бадахшон барои 250 ҳазор аҳолӣ ҳамагӣ 7 адвокати расман дар Анҷумани ҳуқуқшиносони вилоят сабтиномшуда фаъолият доранду халос. Адвокатҳо аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон иқрор мекунанд, ки онҳоро аз гирифтани парвандаҳои зодагони Бадахшон ҳушдор додаанд. Бархеи дигар аз адвокатҳо аз тарси таъқиб аз гирифтани ин парвандаҳо парҳеҷ мекунанд.

Хушунатҳо дар Бадахшон моҳи ноябри соли 2021 дар пайи қатли мармузи Гулбиддин Зиёбекови 29-сола, ки барои худсарона боздошт кардан ва латтукӯби як додситон бо номи Абдусалом Абирзода айбдор мешуд, оғоз ёфт. Дар пайи авҷ гирифтани таъқибот аз тарафи мақомот моҳи майи соли 2022 дар Бадахшон эътирозҳои нав сар шуданд, вале мақомот бо истифода аз нирӯ ин эътирозҳоро саркӯб карда, рӯзи 18 май дар Бадахшон “амалиёти зиддитеррорист”-ро сар карданд, ки дар натиҷаи он, бино ба гуфтаи гузоришгари Созмони Милал дар масоили ақалиятҳо, эҳтимол меравад, ки то 40 нафар кушта шуда бошанд.

Дар ҷараёни амалиёте, ки тақрибан як моҳ давом кард, се шахсияти пурнуфузи минтақа – Мамадбоқир Мамадбоқиров, Зоир Раҷабов ва Хурсанд Мазоров, ки мақомот онҳоро “саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ” меноманд, кушта шуданд. Муслим Шерзамонов, бародари сиёсатмадори мухолифи фирорӣ Алим Шерзамонов, бо ҷурми “узвият дар гуруҳи ҷиноӣ” ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Худи Алим Шерзамонов ба ташкили эътирозҳои ахир дар Бадахшон айбдор мешавад.

7 узви “Комиссияи 44”, як гуруҳи мустақиле, ки моҳи ноябри соли 2021 барои таҳқиқи марги Гулбиддин Зиёбеков ташкил шуда буд, низ ба ҳабс гирифта шуда, ду узви ин комиссия Шафтолу Бекдавлатов ва Хуҷамрӣ Пирмамадовро алакай ҳар кадомашро бо ҷурми ташкили гуруҳи ҷиноятӣ ва гирифтани кумаки молиявӣ аз хориҷӣ 18-солӣ ҳукми зиндон додаанд. Дар байни дигар аъзои ҳабсшудаи “Комиссияи 44”  Манучезр Холикназаров, раиси Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир, Фаромӯз Иргашов, адвокат ва раҳбари “Комиссияи 44” ва Хурсанд Мамадшоев, бародари журналист ва ҳомии ҳуқуқ Улфатхоним Мамадшоева низ ҳастанд. Ҳамаи онҳо бар асоси моддаи 187 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ айбдор мешаванд.

Мурофиаи худи Мамадшоева ба поёни худ наздик мешавад ва айбдоркунандаи давлатӣ бо ҷурми сӯиқасд ба зидди давлат ва ташкили эътирозҳои моҳи май барои Мамадшоева 25 сол ҳукми зиндон ва барои шавҳари собиқаш генерал Холбаш Холбашов б ҳабси умрбод талаб кардааст.

Ҳамин тавр, дастикам 7 зодаи Бадахшонро мақомот аз Русия рабуда,  бидуни риояи расмиёти қонунӣба зӯрӣ ба Тоҷикистон овардаанд. Инҳо аъзои фаъоли диаспораи зодагони Бадахшон буданд, ки аз аъмоли мақомоти Тоҷикистон дар мавриди ҳаводиси моҳи ноябри соли 2021 ва маю июни соли 2022 дар Бадахшон интиқод мекарданд.

Ораз Вазирбеков ва Рамзӣ Вазирбеков, ҳарду шаҳрвандони Русия, рӯзи 29 июл дар фурудгоҳи Домодедово нопадид шуда, як рӯз баъд дар як видео аз Душанбе пайдо шуданд ва гуфтанд, ки гӯё худашон бо ихтиёри худ аз Русия ба Тоҷикистон баргаштаанд, то ба саволҳои тафтишот дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон ҷавоб диҳанд. Ҳарду қаблан ҳушдор дода буданд, ки онҳоро метавонанд аз Русия рабуда, маҷбуран ба Тоҷикистон баранд. Ҳамин тавр, аз Русия зодагони дигари Бадахшон Ҷонибек Чоршанбиев, Муслим Наврӯзов, Руслан Пӯлодбеков ва бино ба тозатарин хабарҳо, блогер Мақсуд Ғаёсовро ҳам рабуда, маҷбуран ба Тоҷикистон овардаанд.

Аз он пеш дар поёни соли 2021 ва аввали соли 2022 ду намояндаи дигари пурнуфузи диаспораи помириҳо – Амриддин Аловатшоев в Чоршанбе Чоршанбиевро низ бо зӯрӣ аз Русия ба Тоҷикистон оварда, баробари ба Душанбе расиданашон ба ҳабс гирифтанд. Чоршанбиев рӯзи 13 май ба 8 солу 6 моҳи зиндон  ва Аловатшоев дар поёни моҳи апрел ба 18 соли зиндон маҳкум шуданд.

Рӯзи 7 июл Парлумони Аврупо қатъномаеро қабул кард, ки дар он аз мақомоти Тоҷикистон тафтиши мустақилонаи ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 ва моҳи майи соли 2022, аз ҷумла то чӣ андоза қонунӣ будани стифодаи нирх ва силоҳ ба зидди эътирозгарон ва мавридҳои шиканҷаи онҳо аз ҷониби мақомоти амниятӣ дар Бадахшонро тақозо мекунанд.  Дар ин қатънома ҳамчунин  раҳоии билофосилаи ҳомиёни ҳуқуқ, журналистон ва фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ талаб шудааст.

Рӯзи 13 июн созмони “Дидбони генотсид”, ки эътилофи беш аз 90 созмонро дар бар мегирад, аз афзоиши таъқибу боздоштҳои помириҳо дар Тоҷикистон ҳушдор дод.

Синат Султоналиева, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар Ҳюман Райтс Вотя мегӯяд:

“Додгоҳҳо Тоҷикистон ба як конвейере табдил ёфтаанд, ки ҳамаи афроди марбут ба эътирозҳои моҳи майро бидуни муҳокимаҳои муносиб маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон бояд ин беадолатиро бас карда, уҳдадориҳои байналмилалии худро ҷиҳати қатъи боздоштҳои худсарона ва таъмини мурофиаҳои додгоҳии одилона иҷро кунанд”.

Асли ин изҳоротро бо забони англисӣ дар зер бихонед:

Tajikistan: Autonomous Region
Protesters Denied Fair Trials

Crackdown on Pamiri Minority
Includes Forced Disappearances, Closed Trials Without Lawyers

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button