ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК КӮДАКИ НӮҲСОЛА ДАР ЁВОН ҒАРҚ ШУДААСТ. КҲФ ВОЛИДОНРО ГУНАҲКОР КАРД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рғзи 21 августи соли 2022 дар ҷумҳурӣ боз як ҳолати ғарқ шудани кӯдак рӯй додааст.

Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи якшанбе, соати 12:00, ба навбатдори Кумитаи ҳолатҳои фақулодда занг зада, хабар додаанл, ки як сокини нӯҳсолаи деҳаи Баҳорит ҷамоати Норини ношияи Ёвони вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар канали маҳаллӣ ғарқ шудаанд. Дастаи наҷотбахшон аз раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд, вале то ҳол ҷустуҷӯи ҷасади кӯдак натиҷа надодааст. Амалиёти ҷустуҷӯӣ рӯзи 22 август аз сар гирифта шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бепарвоии волидонро, ки кӯдакро дар лаби об танҳо ва беназорат гузоштаанд,  сабаби ин фоҷиа мешуморад.

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тайи 7 моҳи соли 2022 дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷикистон алакай 123 нафар, аз ҷумла 64 ноболиғи синнашон то 16 ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 кӯдак ғарқ шуда буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ин далел бори дигар аз волидон хостааст, ки кӯдакони худро ягон лаҳза бе назорат нагузоранд ва қоидаҳои бехатариро дар лаби обу даруни об қотеона риоя кунанд. Кумита ёдрас кардааст, ки оббозӣ дар маконҳои барои ин омоданошуда барои ҳаёти инсонҳо хатар дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button