ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

23 АВГУСТ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН РӮЗИ МОТАМИ САРОСАРӢ ЭЪЛОН ШУД

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 22 августи соли 2022 дар як муроҷиатномаи вижа ба мардум, ҳалокати 14 муҳоҷири қирғиз бар асари садамаи даҳшатовар дар вилояти Уряновски Русияро “бадбахтии бузурге барои тамоми мардум” номид ва 23 августро Рӯзи мотами саросарӣ дар қаламрави Қирғизистон  эълон кард. Ӯ бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикони қурбониёни ин садамаи рӯзи 21 август ба онҳо сабри ҷамил хост ва гуфт, ҳукумат дасти кумаки худро аз онҳо дареғ нахоҳад дошт. Рӯзи 21 август баробари шунидани хабари ҳалокати ҳамватанонаш дар Уляновск Содир Ҷабборов дастур дода буд, ки барои овардани ҷасадҳои муҳоҷирони ҳалокшуда як ҳавопаймои махсусро ба Уляновск бифиристанд.

Содир Ҷабборов дар муроҷиатномааш мегӯяд:

“Сокинони муҳтарами Қирғизистон!

Ҳодисае, ки дар вилоят Уляновски Русия рух дод, ҳамаи моро мутаассир сохтааст. Ин талафоти ҷуброннопазир дарду захми амиқе дар қалбҳои ҳамаи мо ба ҷо гузошт.

Мо хабари дучори садама шудани ҳамватанони худро бо андӯҳи гарон шунидем.

Ман дарду ғами хешовандони ҳалокшудагонро дарк мекунем ва ҳамдарди онҳоям. Ҳоло барои онҳо хеле лаҳзаҳои сахт мегузаранд. Дар чунин ҳолатҳо душвор аст пайдо кардани ҳарфҳое барои баёни ҳамдардӣ. Вале ба ҳар сурат, ман ҳамдардии амиқи худро ба наздикону пайвандони онҳое, ки дар ин садама ҳалок шуданд ё осеб диданд, баён мекунам. Ман ҳамдарди Шумоям ва аз Парвардигор мехоҳам, ки бароятон сабри ҷамил ва барои таҳаммули ин ҳама нирӯ ато кунад.

Дар Қуръони Шариф гуфта мешавад, ки “Ва Аллоҳ сабуронро дӯст медорад”. Сабур бошедЮ ҳамватанони азиз!

Ба наздикони пайвандони ҳалокшудагону осебдидагон ҳатман кумак расонда мешавад. Ин масъала таҳти назорати шасии ман қарор мегирад.

Ҳамватанони азиз! Ин фоҷиа бадбахтие бузурге барои тамоми мардуми мост ва аз ин рӯ, рӯзи 23 августро дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон Рӯзи мотами саросарӣ эълон мекунам”,

Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 21 августи соли 2022 дар як садамаи пурдаҳшат ва пурқурбонӣ дар  шоҳроҳи М-5 “Урал” дар байни деҳаҳои Прасковино ва Новоспасское дар ноҳияи Николаеви вилояти Уляновск 16 нафар, аз ҷумла 14 шаҳрванди Қирғизистон ба ҳалокат расида, боз 3 зодаи дигари Қирғизистон бо ҷароҳатҳои мухталиф дар бемористон бистарӣ карда шудаанд. Дар ин ҷо, ба гуфтаи шоҳидон, як автобуси мусофиркаш байни ду мошини боркаши фура мондааст. Дар видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки бар асари садама автобус комилан пачақ шуда, ба як тӯдаи оҳанпора табдил ёфтааст.

Маҳалли садама тақрибан дар 185-километрии ҷануби шаҳри Уляновск, 175-километрии ғарби Толятти ва 75-километрии ғарби Сизран ҷойгир шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button