МуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ҲАМЛАИ ҒОРАТГАРОНИ МУСУЛЛАҲ БА ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ҚАЛЁНХОНАИ ПЕТЕРБУРГ

Шаби 19 ба 20 августи соли 2022, дар як қалёнхона дар кӯчаи Боровая дар шаҳри Санкт –Петербурги Русия 6 нафари мусаллаҳ бо корду кастету лӯлаҳои оҳанин ва як туфангчаи травматикӣ ба як ҷавони 22-сола аз Тоҷикистон ҳамла карда, бо таҳдиди силоҳ аз ӯ 12 ҳазору 600 рубл (тақрибан 200 доллар) пул талаб кардаанд.

Бино ба иттилои нашрияи маҳаллии Петроград.Ру,  нимашаби 19 август, соати 23:59  ба пулис як нафари ношинос занг зада, хабар додааст, ки дар қалёнхонаи воқеъ дар кӯчаи Боровая, бинои №6, одамонро ғайриқонунӣ нигоҳ дошта, ба онҳо таҳдид карда истодаанд.

Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса рафта, дар ҷояш 6 нафар: 4 шаҳрванди Ӯзбекистон, як духтари

 19-солаи сокини Петербург ва як ҷавони ҳамсоли ӯро, ки низ шаҳрванди Русия буд, дастгир кардаанд. Нисбат ба онҳо бо иттиҳоми майдаавбошӣ ва вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия протоколҳо тартиб додаанд. Аз ин 6 нафар 3 корд, кастет, 3 лӯлаи оҳанин ва туфангчаи травматӣ ҳам пайдо кардаанд.

Баъди се соат, ки алакай соати сеи шаби шанбе, 20 август буд, ба пулис як шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон муроҷиат карда, хабар додааст, ки дар қаҳвахонаи “Кальян Бар”  нафарони ношисон бо як чизи монанд ба пистолет ба вай таҳдид карда, аз ӯ 12 ҳазору 600 рубл талаб кардаанд.

Ҳоло масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба ин ҳодиса дар дасти баррасӣ қарор дорад. Ба гумонбаршавандагон бар асоси қисми дуюми моддаи 162 Кодекси ҷиноятии Русия барои роҳзанӣ дар ҳайъати гуруҳ бо истифода аз силоҳ то 10 соли зиндон ва то як миллион рубл ҷарима таҳдид мекунад.

Вале дар пулис гуфтаанд, ки муҳоҷири ҷабрдида низ дар ягон ҷо кор намекард ва дар Петербург сабти номи қонунӣ надошт.

Бисёриҳо дар зери ин хабар аз ин ҷавони тоҷик мазаммат кардаанд, ки ба ҷои дар як мулки мусофират то нисфи шаб  қалёнхона ба қалёнхона гаштан чаро як бор фикри азизони худ дар Тоҷикистонро намекунад, ки онҷо ҳама ба умеданд, ки ӯ дар Русия арақи ҷабин резонда, кор мекунад, то рӯзгори оилаашонро таъмин кунад!?

Яке аз қалёнхонаҳо дар кӯчаи Бороваяи шаҳри Петербург

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button