ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ҚАСДИ САФАРИ СУРИЯРО ДОШТ: БОЗДОШТИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ДОҒИСТОНИ РУСИЯ

Мақомоти тафтишотии ҷумҳурии Доғистони Русия ба зидди як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Избербаш (Йизбирбош) зиндагӣ мекард, бо иттиҳоми иштирок дар фаъолияти гуруҳҳои мусаллаҳи як созмони террористии дар Русия мамнӯъ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Хадамоти матбуоти раёсати ФСБ Доғистон рӯзи 18 августи соли 2022 дар як баёнияи матбуотӣ хабар дод, ки ин зодаи Тоҷиктстон мехост ба Сурия рафта, ба гуруҳҳои мусаллаҳи марбут ба созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) бипайвандад, вале дастгир шуд.

 “Шаҳрванди Тоҷикистон мехост аз фурудгоҳи Махачқалъа (пойтахти Доғистон) ба шаҳри Истанбул (Туркия) парвоз карда, сипас аз марзи Туркия бо Сурия убур кунад. Вале ба ӯ аамалӣ сохтани ин нақшааш муяссар нашуд, чунки ӯро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир карданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи раёсати ФСБ Доғистон.

Акнун ба ин шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси қонунҳои Русия то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Исми ӯ нашр нашудааст. Назари худи дастгиршуда ваё наздикон ё адвокаташ дастрас нест, ки оё ба ин иттиҳомоти ба зиддаш эълоншуда чӣ назар дорад?

Дар солҳои охир даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия бо иттиҳомоти марбут ба терроризму экстремизм дастгир ва маҳкум ба зиндон шудаанд.

Дар Душанбе бар ин назаранд, ки  шаҳрвандони Тоҷикистон аксаран дар давраи дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанашон ба доми фиреби мубаллиғони гуруҳҳои ифротӣ меафтанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ низ мегӯянд, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия ба далели беҳуқуқӣ ва вазъи риққатбори кору зиндагиашон тӯъмаи осоне барои мубаллиғони ақидаҳои ифротӣ мешаванд.

Вале ҳомиёни ҳуқуқ иддаои мақомоти амниятии Русия дар бораи боздошти даҳҳо муҳоҷир бо иттиҳомоти терроризму тундгароиро низ зери суол мебаранд ва мегӯянд, мавридҳое фаровоне сабт шудааст, ки мақомоти амниятии Русия барои баланд нишон додани натиҷаҳои муборизаи худ бо терроризму тундгароӣ муҳоҷирони беҳуқуқро бо парвандаҳои бофтаю сохта дастгир ва ба терроризм айбдор мекунанд.

Ҳоло дар зиндонҳои Русия беш аз 7 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Даҳҳо нафари онҳо бо ҷурмҳои марбут ба терроризму тундгароӣ зиндонӣ шудаанд.

Изберба́ш (ба забони дарғӣ Избир,  ба забони қумиқӣ Йизбирбаш) — шаҳре бо 60 ҳазор аҳолист дар соҳили баҳри Хазар (Каспий) дар ҷумҳурии Доғистон, дар 90-километрии ҷануби пойтахти ин ҷумҳурӣ, шаҳри Махачқалъа. Ин шаҳр қаблан ҳамчун шаҳри нафтӣ машғур буд, вале ҳоло ҳамчун як минтақаи осоишӣ дар соҳили баҳри Хазар рушд карда истодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button