ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ҲАМАГӢ 28 СОЛ ДОШТ… ДАРГУЗАШТИ МУДИРИ КУЛЛИ “АВТОРАДИО” ФАРИДУН ХАЙРУЛЛОЗОДА

Фаридун Хайруллозода, журналисти ҷавони тоҷик ва мудири кулли шабакаи радиоии “Авторадио Тоҷикистон” субҳи 12 август дар синни 28 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ дӯстону ҳамкорони Фаридун хабар доданд. Дар бораи иллати марги ӯ дар чунин синни ҷавон чизе гуфта нашудааст. Чанде аз дӯстону ҳамкорони Фаридун хабар додаанд, ки ҳамагӣ чанд соат пеш аз маргаш, шоми 11 август ӯ дар эфир буд ва дар “Авторадио” барнома мебурд.

“Бо ҳамон шӯру ҳаяҷони ҳамешагие, ки дошт, барномаро пеш мебурд ва ягон аломате дида намешуд, ки мариз аст. Касе гумон ҳам намебурд, ки баъди чанд соат хабари маргаш ҳамаи моро ғарқи мотам мекунад”, гуфт дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” яке аз дӯстони Фаридун.

Хайруллозода Фаридуни Мансур 22 апрели соли 1994 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада, риштаи иқтисодии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро хатм карда буд. Ҳамагӣ 11 сол дошт, ки  барномаҳои бомдодиро дар шабакаи телевизиони кӯдакони “Баҳористон” пеш мебурд. Соли 2009, вақте ҳамагӣ 15 сол дошт, алакай ба ҳайси муҷрии барномаҳои бомдодии шабакаи телевизионии “Сафина” ба кор сар кард. Фаридун баъдан дар радиои “Ватан” чанд барномаро пеш мебурд ва соли 2018 ба ҳайси мудири радиои “Ҳамсадо” ба кор сар кард. Ахиран Фаридун Хайруллозода ба ҳайси мудири кулл ба “Авторадио Тоҷикистон” гузашт.

Фаридун дар баробари роҳбарӣ ба кори “Авторадио” чанд барномаро дар ин шабакаи радиоӣ ба ҳайси муҷрӣ (радио-ҷей) пеш мебурд ва ҳамчунин ба ҳайси муҷрӣ дар тӯйҳои мардум ва шабнишиниҳои ширкатҳову корхонаҳо низ хидмат мекард.

Фаридун Хайруллозода соли 2017 ҷоизаи “Беҳтарин блогери Тоҷикистон” шуда буд.

Фаридун Хайруллозода дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ хеле фаъол буд ва дар ВордПресс низ блоги худро дошт.  Аз саҳифаҳояш бармеояд, ки Фаридун дар сар орзуву нақшаҳои зиёд дошт ва ҳеҷ гумон надошт, ки дар синни ҳамагӣ 28 ҷавонмарг мешавад.

Садҳо нафар аз марги ин журналистдар чунин синни ҷавон изҳори андӯҳ карда, барояш охирати обод орзу кардаанд Яке аз дӯстонаш дар сӯги Фаридун ин дубайтии машҳурро коштааст:

Фалак, моро накуш, мо навчавонем!

На шодӣ дидаем, на шодмонем!

Бирав аз кӯчаи пирон гузар кун!

Агар навбат расад, мо худ равонем

Umed Jon

Субҳи имруз журналисти шинохта Фаридун Хайруллозода дар синни 27 солаги аз олам гузаштааст!Худо раҳмату мағфират гардонад

Махинбону Давлатова  

Бовар нокарданист

Чӣ қадар ҷавони пурэнерҷӣ, чӣ қадар марди пурорзу, чӣ қадар падари меҳрубон барои духтари ягонааш, чӣ қадар ғамхор барои ҳамсараш, чӣ қадар мафилорову…

Дуруст аст, ки роҳи ҳамаи мо ба сӯи Ӯст, вале таҳаммул кардани марги нобаҳангоми шахси қадршиносу азиз хеле сахт будааст.

Хонаи охират ободу равшан, бародари ҳамкасбу ҳамшаҳру қавииродаам.(((((((

Доро Суҳробӣ

Ин субҳ хабари марги Фаридун Хайруллозодаро хонда, ба худ гуфтам, ки на ин он Фаридуне, ки ман мешиносам нест. Марги ӯ бароям боварнокарданист. Аммо сад дареғ, ки ӯ имрӯз дар синни 27 – солагӣ ин дунёро барои ҳамеша падруд гуфт. Бо рафтани ӯ шодиву нишот аз хонадоне рафт ва ғам меҳмони доимии волидоне гашт, ки соате баъд ҷигарбанди сухандону журналисти овозадори худро ба дасти хоки сард месупоранд. Бузурге гӯё барои марги чунин ҷавоне гуфта:

Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,

Шамъ агар хомӯш гардад доғи маҳфил мешавад.

Афсӯс сад афсӯс, ки имрӯз бо рафтани ту волидоне такягоҳеро, зане ҳамсафареро, фарзанде падареро, кормандоне ҳамкореро, дӯстоне ҳамнишинеро ва коргоҳе мутахассиси донишмандеро аз даст доданд…

Осуда бихоб, Фаридуни гиромӣ!

Шахноз Комилзода 

Сахт аст бовар карданаш. Намехоҳам бовар кунам.

Аввалин бор дар ТВ “Баҳористон” шинос шуда будем. Кудак буд, аммо хеле серталош ва масъулиятшинос. Ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва омӯзиш. Ҳамеша ба ҳар чорабиние, ки ташкил мекард ҳатман даъватам мекард, боз занг зада таъкид мекард, ки ҳатман биоям. Хеле меҳрубон буд((((

Парер рӯз дар назди бинои кориаш дидамаш. Хуб буд, суҳбат кардем, шухӣ кардем… аммо алакай миёни мо нест((((

Як замон бо ибтикори Нурангез дар радиои “Ҳамсадо” бо духтарам ҳамкорӣ мекард. Хеле ташвиқаш карда буд. Дар баробари серкориаш фурсат ёфта барои Мумтоз дар рузи зодрузаш паёми табрикии видёӣ фиристод.

Равонат шод бод, Фаридунҷони апа!

Farhod Gafuri 

Ох дунёи бевафо. Боварам намеояд, ки дусти кудакиям имруз моро падруд гуфт. Ёд дорам бозию шухихои кудакона доштем ва чикадар зуд вакт гузашт. Имруз алакай падар буди ва ширинии фарзандро нав чашида истода буди. Афсус умри чавон. 😰Чи гуям? танхо 🤲🤲худованд боге аз чаннатро насибат гардонад. Ба оила ва хонаводаи шумо сабри чамилро хохонам. Дидор дар киёмат дусти азизаам Фаридунчон

Хасан Хасан  

Хар субх аз дастоварду пешравихоятон аз сахифахои ичтимои бохабар мешудем ин субх бошад аз маргатон хабардор шудам хело бароям дард овар аст

Дар синни 27 солаги моро тарк карден акачон дидор дар киëмат ба ахлу пайвандон сабру чамил Худованд дихад😭 бародари гурамаргам

Фалак моро накуш мо навчавонем!

На шоди дидаем,на шодмонем!

Бирав аз кучаи пирон гузар кун!

Агар навбат расад мо худ равонем

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button