МАРГИ НАВРАС ДАР САДАМА ДАР УНҶӢ, ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ ХОНА ВА БОЗДОШТИ ДУЗДИ МОҲИР

Рӯзи 10 август, соати 11:45, як навраси 13-сола дар ҳудуди ҷамоати Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров зери чархи мошини “Мерседес” монда, дар роҳ ба бемористон ҷон додааст.

хххххххххххххххх

Сокини 37-солаи Истаравшан ба он гумонбар мешавад, ки моҳи декабри соли 2021 хонаи сокини 25-солаи Душанберо 25 ҳазор доллар нарх карда, гирифта, ба каси дигар фурӯхтааст, вале пули соҳиби хонаро то ҳол надодааст.

хххххххххххххххх

Сокини 31-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки соати чори шаби 5 август аз боғчаи кӯдакон дар кӯчаи С.Айнӣ як телевизору як телефони “Нокиа”-ро дуздида, рӯзи 9 август, соати 15:30 аз дӯкони фурӯши телефонҳо дар Маркази савдои «Садбарг» ҳамёни як ҷавонзанро бо 500 доллар ва 5 ҳазор рубл дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 11 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати ноболиғ дар садамаи нақлиётӣ

1212

10-уми августи соли 2022, тахминан соати 11:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Ҷамшедзода Ёқуб Ҷамшед, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Хуҷанд-Ғафуров», дар ҳудуди ҷамоти деҳоти Унҷӣ, аз уҳдаи идраи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Абдураҳимов Абубакр Фахриддинович, соли таваллудаш 2009, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Абдураҳимов А.Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ

001

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 25-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2021, марди 37-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, хонаи истиқоматиашро ба маблағи 25 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, хонаро ба дигар нафар фурӯхтааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани ду ҳолати дуздӣ

019.jpg

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе, 5-уми августи соли 2022, тахминан соати 04:00, бо роҳи пинҳонӣ аз боғчаи кӯдакона, воқеъ дар кӯчаи С.Айнӣ, 1-адад телевизори тамғаи «Самсунг» ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа»-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, номбурда санаи 9-уми августи соли 2022, тахминан соати 15:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз Маркази савдои «Садбарг», аз утоқи фурӯши телефонҳои мобилӣ 1-адад ҳамён, ки дар дохилаш 500 доллари амрикоӣ ва 5 ҳазор рубли русӣ буда, ба зани 25-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button