ЯК ТОҶИКИ ҒИЗОРАСОНРО САВОРИ ВЕЛОСИПЕД ДАР ТАЛЛИН ДАСТГИР КАРДААНД

Пулиси Эстония рӯзи 21 июли соли 2022 дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Таллин як шаҳрванди Тоҷикистонро бо  иттиҳоми ғайриқонунӣ дар ин кишвар кор карданаш  боздошт кардааст.

Ширкати миллии телевизион ва радиои Эстония (Eesti Rahvusringhääling, ERR) хабар дод, ки ин зодаи Тоҷикистон дар Таллин бо велосипед ба муштариён ғизо бурда мерасонд.

Кормандони пулис рӯзи панҷшанбе, 21 июл ҳангоми тафтиши ҳаракат дар роҳи кӯчаи Раннамяэ  дар ноҳияи Пиҳя Таллинн (Таллинни шимолӣ) марди велосипедсаворро манъ карданд. Маълум шуд, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1997 буда, виза, ё раводидаш  беэътибор будаст. Ба болои ин, гуфтааст пулиси Эстония, ин ҷавони тоҷик дар қаламрави ин кишвар ғайриқонунӣ ба ҳайси ғизорасон кор мекард.

Пулиси Эстония ин шаҳрванди Тоҷикистонро 300 евро ҷарима баста, амр додааст, ки дар давоми 15 рӯз қаламрави ин кишварро тарк кунад. Ӯро ҳамчунин барои дуюним сол аз ҳаққи вуруд ба Эстония манъ кардаанд.

Аксари ғиозорасонҳо дар кишварҳои Аврупо муҳоҷиронанд.

Дар солҳои охир кишварҳои собиқ Шӯравии соҳили баҳри Балтика – Латвия, Литва ва Эстония, ки алакай узви комилҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо, паймони ҳарбии НАТО ва минтақаи Шенген шудаанд ва евроро ба ҳайси пули худ пазируфтаанд, ба яке аз масирҳои асосии ба Аврупо сафар кардани паноҳҷӯёни тоҷик ва ҳам муҳоҷирони тоҷике шудаанд, ки ба ҷустуҷӯи кор роҳи Аврупоро пеш мегиранд.

Ҳоло шумори бештари тоҷикҳо дар Литва ба сар мебаранд, вале зодагони Тоҷикистон дар Эстония ҳам кам нестанд. Онҳо ба Эстония аз тариқи вилоятҳои бо ин кишвар ҳаммарзи ғарби Русия –  вилоятҳои Псков ва Ленинград мегузаранд.  Эстония бо Русия 334 километр марзи заминӣ ва 124 километр марзи баҳрӣ дорад, ки аз халиҷи Финни баҳри Балтика мегузарад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button