Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗДОШТИ БОЗ ЯК РОНАНДАИ ФИРОРӢ ВА ҚАЛЛОБӢ БО МОШИНИ “ТОЙОТА-ҲАЙЛАНДЕР”

Ронандаи мошини “Мерседес” сокини 51-солаи Панҷакент Хайруллоев Иброҳим  рӯзи 21 июл дар наздик бозори “Кӯшониён” дар пойтахт сабабгори садамае шуд, ки боиси  ба симчӯб бархӯрдани “Опел” ва ҷароҳат бардоштани ду мусофири он шуд. Вале ронандаи гунаҳкор ба ҷои кумак расондан ба ҷабрдидагон аз ҷои садама фирор кардааст. Ӯро баъди ду соати фирораш муайну дастгир ва ба милитсия дастрас кардаанд.

хххххххххххххххххххххх

Сокини 37-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 1 феврал бо роҳи фиреб аз як сокини пойтахт мошини тамғаи “Тойота-Ҳайландер”-ро 225 ҳазор сомонӣ нарх карда, гирифта, 100 ҳазор сомониашро додаааст, вале пули боқимондаро инак қариб ним сол боз намедиҳад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 23 июли марказҳои матбуоти РВКД Душанбе ва ВКД Тоҷикистон

Боздошти ронандаи фирорӣ баъд аз ду соати садама 

Санаи 21.07.2022, тахминан соати 12:25, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес Бенс”, рақами қайди давлатиаш 2521ВХ01, Хайруллоев Иброҳим Усмонович, санаи таваллудаш 01.07.1971, истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, дар назди бозори “Кӯшониён” бар хилофи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ амал намуда, ба тарафи чап, ки аз қафо воситаи нақлиёти дигар ҳаракат дошт, гардиш карда, монеи ҳаракати мошини дуюм гаштааст. Дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, рақами қайди давлатиаш 5454ЕА02, ки бо роҳи худ ҳаракат дошт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, нахуст ба қисмати паҳлуи “Мерседес” ва сипас ба симчӯби байни роҳ бархӯрдааст, ки дар натиҷа ду мусофираш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона дастрас карда шудаанд.
Ронандаи қонуншикани “Мерседес” Хайруллоев Иброҳим бошад, ба ҷои он ки ба ҷабрдидагон ёрии худро расонад, баракс аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад, ки ин амали ӯ ҷавобгариро дар назди қонун вазнинтар мегардонад. Дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ пас аз ду соати сар задани садама ронандаи фирорӣ дастгир ва ба мақомоти милистия дастрас карда шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур маводи лозима тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад. 


Бо роҳи қаллобӣ гирифтани автомашинаи тамғаи “Тойота-Ҳайландер”

037

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда 1-уми феврали соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии марди 47-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Тойота-Ҳайландер”-ро ба маблағи 225 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, 100 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 125 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button