АМРИКО ТОҶИКИСТОН БА ҚАТОРИ КИШВАРҲОЕ ВОРИД КАРД, КИ МЕТАВОНАНД БА РУСИЯ БАРОИ УБУРИ ТАҲРИМОТ КУМАК КУНАНД

Вазорати молияи Амрико  4 кишвари Осиёи Марказӣ: Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистонро ба рӯйхатти 18 кишваре ворид кард, ки ба воситаи онҳо метавонанд ба Русия ва Беларус маҳсулоти таҳти таҳримро ворид кунанд. Баъди шурӯи ҷанги Русия ба зидди Украина Амрико ва муттаҳидонаш ба зидди Маскаву Минск таҳримоти сангин ҷорӣ кардаанд.

Рӯйхатти 18 кишварро Шабакаи мубориза бо ҷиноятҳои молиявӣ (FinCEN) ва Дафтари саноат ва амният (BIS), ду ниҳоди марбут ба вазорати молияи Амрико тартиб додаанд. Ин рӯйхат ба ҷуз аз 4 кишвари Осиёи Марказӣ, боз Арманистон, Гурҷистон, Бразилия, Ҳиндустон, Исроил, Хитой, Мексика, Никарагуа, Сингапур, Сербия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Тайван, Туркия ва Ҷумҳурии Африқои ҷанубиро дар бар мегирад

Дар иттилоияи вазорати молияи Амрико гуфта мешавад, ки дар бархе ҳолатҳо маҳсулоти таҳти тазримро ба ин 18 кишвар ва манотиқи дигар метавонанд ҳамчун ашёи хом барои тавлиди маҳсулоти дигар бо роҳҳои қонунӣ ворид кунанд. Вале содироти минбаъдаи ин маҳсулоти тайёр ба Русияву Беларус бояд манъ карда шавад.

Вазорати молияи Амрико гуфт, Дафтари саноат ва амният (BIS) аз 24 феврали соли 2022, яъгне аз санаи оғози ҷанги Русия ба зидди Украина як силсила чораҳои қатъии назорати содиротро ҷорӣ кард, ки  ҳадафашон маҳдуд кардани дастрасии Русия ба як идда маҳсулот ва технологияҳои барои идомаи ҷанг дар Украина ба Русия лозим аст. Ин чораҳо пеш аз ҳама соҳаҳои мудофиа, ҳавоиву кайҳонӣ ва баҳрии Русияро ба ҳадаф доранд, вале соҳаҳои дигаре, чун энергетика, истеҳсоли маҳсулоти гаронбаҳоеро, ки нухбагони Русия истифода мебурданд, низ ба ҳадаф доранд.

Ин чораҳо рӯи содирот ва реэкспорти маҳсулот ба Русия ва интиқоли борҳое, ки барои Русия ваё дар корхонаҳои хориҷии Амрико истеҳсол шудаанд, маҳдудиятҳои сахт ҷорӣ мекунанд. Мояи нигаронии асосӣ  техникаест, ки метавонад бо ҳадафҳои ҳарбӣ истифода шаванд. Аз ҷумла сухан дар бораи қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳо, шабакаҳои гидроакустикӣ, мавҷгирҳо (антеннаҳо), шабакаҳои ҶӣПӣЭс (GPS),  таҳҷизоти лозим барои истихроҷи нафту газ ва маҳсулоти дигар меравад.

Моҳи июн Дафтари саноат ва амниятт вазорати молияи Амрико (BIS)  ширкати хусусии “Promcomplektlogistic” аз Ӯзбекистонро ба далели “идомаи пуштибонӣ аз талошҳои ҳарбии Русия” таҳти таҳрим қарор дод. Департаменти давлатии Амрико гуфт, “Promcomplektlogistic” ба ширкати русии тавлиди аҷзои электронӣ “Радиоавтоматика” барои убури таҳримот кумак расонда, ин корхонаи русиро бо микросхемаҳо таъмин мекард.

Дар бораи ин ширкат маълумот хеле кам аст. Гуфта мешавад, ки “Promcomplektlogistic” дар Тошканд таъсис ёфта, ба фурӯши умдаи маҳсулоти оҳанӣ ва таҷҳизоти лозим барои сохтани лғлаҳои обу гармидиҳӣ машғул аст. Ҳамчун роҳбари ин ширкат дар санадҳо шахсе бо номи Олег Грабилин нишон дода шудааст.

Тарҷума аз: Fergana.ru

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button